IQNA

Ифтитоҳи дуввумин намоишгоҳи ҷаҳони ҳунарҳои қуръонӣ дар Малайзия

20:02 - February 26, 2024
рақами хабар: 1137
ИКНА - Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Малайзия аз ҳузури пурранги ҳунармандони кишвари Эрон дар намоишгоҳи ҷаҳонии ҳунарҳои қуръонӣ хабар дод ва гуфт: нахуствазири Малайзия аз осори барҷастаи ҳунармандони эронӣ боздид кард.

Ба гузориши ройзании фарҳангии Эрон дар Малайзия, Ҳабибризо Арзонӣ, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Малайзия гуфт: дувумин намоишгоҳи ҷаҳони ҳунарҳои қуръонӣ дар остонаи моҳи мубораки Рамазон ва бо ҳузури намояндагони кишварҳои исломӣ, Индонезия, Малайзия, Туркия, Миср, Ироқ, Арабистон, Нигерия ва теъдоде аз ҳунармандони кишвари Эрон дар шаҳри Путрадҷая кушоиш ёфт. 

Вай афзуд: дар оғози маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи ҳунарҳои қуръонии гурӯҳи тавошиҳи Нур аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иҷрои тавошиҳи Асмоуллҳусно ба сарпарастии Сайид Муҳаммади Қосимӣ таҳсини ҳозиронро барангехт.

Арзонӣ, бо ишора ба инки намоишгоҳи ҳунарҳои қуръонӣ яке аз олитарин рӯйдодҳои кишвари Малайзия аст, идома дод: Анвар Иброҳим, нахуствазири кишвари Малайзия ин намоишгоҳро ифтитоҳ кард.

Вай бо ишора ба ҳузури пурранги ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин намоишгоҳ баён кард: осори ҳунарӣ ва саноеи дастии нафиси ҳунармандони кишвари Эрон дар бахшҳои хушнависӣ, тазҳиб, мино корӣ, қаламзанӣ, гилем, ҷоҷем ва кифҳои суннатӣ бо заминаи нақш ва нигорҳои фраши эронӣ исломӣ дар бузургтарин ғурфаи ин намоишгоҳи байналмилалӣ мавриди истиқболи боздидкунндагон қарор гирифтааст.

Ройзани фарҳангии кишвари Эрон, гуфт: нахуствазири кишвари Малайзия бо ҳузур дар ғурфаи Эрон аз осори ҳунармандони барҷастаи кишвари Эрон боздид кард ва сипас бо ҳузури Валиюллоҳ Муҳаммадӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Малайзия як қоличаи дастбофи абрешимии мунаққаш ба тасвири вай ба ишон эҳдо шуд.

Вай бо ишора бо китобати сураҳои қуръонӣ тавассути ҳунармандони хушнависи кишварҳои мухталифи исломӣ, идома дод: ҳамчунин оёти муборакаи сураи Балад тавассути Худобахшчаман, ҳунарманди хушнависи кишвари Эрон бо хаттӣ зебо таҳрир шуд.

Арзонӣ дар поён хабардод: намоишгоҳи ҷаҳонии ҳунарҳои қуръонӣ аз 23 феврал то севвуми март дар шаҳри Путрадҷая барпост.

https://iqna.ir/fa/news/4201967

captcha