IQNA

Эҳдои 10 ҳазор нусхаи Қуръон ба боздидкунндагони намоишгоҳи китоби Маскат

19:42 - March 03, 2024
рақами хабар: 1161
ИКНА - Вазорати умури динӣ, даъват ва иршоди исломии Арабистон, 10 ҳазор нусхаи Қуръони Каримро ба боздидкунндагони намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскат дар Уммон, эҳдо кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистон, 10 ҳазор нусхаи Қуръони Каримро ба боздидкунндагон аз намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскат дар Уммон, эҳдо кард.

Ин нусахи Қуръони Карим дар қатъҳои мухталиф аз сӯи маҷмаи чоп ва нашри Қуръони Малик Фаҳд таҳия шудааст.

Бисту ҳаштумин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскат аз 21 феврал то 2 март дар Маскат, пойтахти Уммон баргузор шуд.

Ғурфаи вазорати умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистон ба вижа бахши муртабит бо маҷмаи чоп ва нашри Қуръон бо ҳузури густурдаи боздидкунндагон аз намоишгоҳ мувоҷиҳ шуд.

Ин бахш шомили намоиши маҷмӯае аз нусхаҳои Қуръон ва тарҷумаҳои он ба беш аз 77 забони байналмилалӣ ва мароҳили чопи Қуръон ва ҳамчунин хадамоти муртабит ба чоп ва тавзеи каломуллоҳи маҷид дар кишварҳои исломии мухталиф мешавад.

Дар ин бахш ҳамчунин апликейшенҳои мухталифи исломӣ ва вижаи ҳаҷ аз ҷумла апликейшени «омӯзиши маносики ҳаҷ ва умра бо истифода аз воқеияти маҷозӣ», ки ба намоиш ва омӯзиши себуъдӣ тамоми маносик ҳаҷ ва умра ихтисос дорад ва ҳамчунин апликейшени намоиши нусхаҳои хаттии Маккаи Мукаррама низ арза шуд.

Ширкат дар ин намоишгоҳ, аз ҷониби масъулони вазорати умури исломии иршод ва даъвати Арабистон бахше аз талошҳои таблиғӣ ва огоҳибахшӣ бо истифода аз тамоми абзорҳо ва фановариҳои рӯз ба манзури хидмат ба Ислом ва Қуръон тавсиф шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4203248

captcha