Арабистони Саудӣ

IQNA

Арабистони Саудӣ тадбирҳои хизматрасонӣ, амниятӣ ва техникии худро дар Макка ва Мадина тақвият бахшидааст, то барои пазироии намозгузорон ва умрагузорони моҳи мубораки Рамазон, ки аз имрӯз — чоршанбе — аз бархе кишварҳои исломӣ сафарбар мешаванд, ҳарчи бештар омода бошад.
рақами хабар: 4401    Санаи нашр : 2026/02/19

Роботи дорои зеҳни сунъӣ, ки қобилияти гуфтугӯ ба 95 забонро дорад, иттилоот ва барномаҳои мусобиқоти умумиқуръонии Арабистони Саудиро барои ширкаткунандагон ирсол намуда, ба саволҳои эҳтимолии онҳо посух медиҳад.
рақами хабар: 4393    Санаи нашр : 2026/02/16

Дар ҳоле ки миллионҳо мусулмон дар саросари ҷаҳон дар интизори фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ҳастанд ва шумориши бозгашт оғоз шудааст, баровардҳои ҳисобҳои нуҷумӣ нишон медиҳанд, ки поёни моҳи Шаъбони соли 1447 ҳиҷрии қамарӣ аз нигоҳи нуҷумӣ бо рӯзи чоршанбе, 18 феврал (29 баҳман) мувофиқат хоҳад кард ва бар ин асос, нахустин рӯзи рӯза — панҷшанбе, 19 феврал (30 баҳман) хоҳад буд.
рақами хабар: 4377    Санаи нашр : 2026/02/10

Маркази миллии арзёбии фаъолияти ниҳодҳои давлатии Арабистони Саудӣ бо номи «Адоъ» эълон кард, ки ин кишвар дар соли 2025 мизбони 19,5 миллион зоири хориҷӣ барои ҳаҷи таматтуъ ва умраи муфрада будааст.
рақами хабар: 4351    Санаи нашр : 2026/02/02

Осорхонаи Қуръони Карими Макка бо шабеҳсозии марҳилаҳои нузули ваҳй бар Паёмбар (с) таҷрибаи омӯзишӣ ва интерактивии фарогиреро ба боздидкунандагон пешниҳод намудааст.
рақами хабар: 4253    Санаи нашр : 2025/12/23

Вазорати умури исломӣ, таблиғ ва иршоди Арабистони Саудӣ дар чилу ҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Кувайт зиёда аз 5 ҳазор нусха Қуръонро тақсим кардааст.
рақами хабар: 4170    Санаи нашр : 2025/12/01

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии ҷаҳони ислом (ИСЕСКО) студияи муосири тавлиди мундариҷаи расонаиро ба чанд забон дар қароргоҳи худ дар шаҳри Работ, пойтахти Марокаш, ифтитоҳ кард.
рақами хабар: 4071    Санаи нашр : 2025/11/03

Сеюмин даври мусобиқаи миллии Қуръон дар Қирғизистон, ки барои писарон ва духтарон пешбинӣ шудааст, бо ташаббуси Вазорати умури исломӣ, таблиғот ва иршоди Арабистони Саудӣ ва бо ҳамкории Идораи динии мусалмонони Қирғизистон дар шаҳри Бишкек, пойтахти кишвар баргузор мешавад.
рақами хабар: 4035    Санаи нашр : 2025/10/26

Шейх «Солеҳ ал-Фавзан» бо фармони Малики Салмон бен Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ , ба мансаби Муфтии аъзами ин кишвар таъйин шуд.
рақами хабар: 4031    Санаи нашр : 2025/10/24

Вазорати Ҳаҷҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ аз сабти беш аз 4 миллион дархост барои визаи зиёрати Умраи Муфрада дар камтар аз 5 моҳ хабар дод.
рақами хабар: 4029    Санаи нашр : 2025/10/24