IQNA

Мизбонии Машҳад аз чиҳилуякумин мусобиқоти байналмилалии Қуръон

5:57 - March 11, 2024
рақами хабар: 1192
ИКНА - Пас аз интихоби Машҳад ба унвони мизбони чиҳилуякумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон, ситоди баргузории ин давра аз рӯзи гузашта бо ҳузури раиси маркази умури Қуръони Созмони Авқоф ва умури хайрия дар шаҳри Машҳад оғоз ба кор кард. 

Ба гузориши ИКНА, чиҳилуиякумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим Ҷумҳурии Исломии Эрон баҳманмоҳи соли оянда дар айёми Мабъаси Паёмбари Акрам (с) ба мизбонии Машҳад ва дар ривоқи имом Хумайнӣ (рҳ) остони муқаддаси имом Ризо (а) баргузор мешавад.

Ситоди баргузории чиҳилуякумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим рӯзи гузашта 19 исфандмоҳ бо ҳузури Ҳамиди Маҷидимеҳр, раиси маркази умури Қуръони Созмони Авқоф ва умури хайрия дар Машҳад расман кори худро оғоз кард.

Бар асоси гуфтаҳои раиси маркази умури Қуръони Созмони Авқоф ва умур дар солҳои оянда дигар шаҳрҳо ва устонҳои кишвар ҳам мизбони ин рӯйдоди байналмилалиро таҷриба хоҳанд кард.

Пеш аз ин дар соли 1398 ва қабл аз ҳамагирии коронавирус, Машҳад ба унвони мизбони сию ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон эълом шуда буд. Дар он сол ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Маҳдии Хомӯшӣ, ки дар маросими ифтитоҳияи чиҳилу дувумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръон ба мизбонии устони Исфаҳон сухан мегуфт, хабар аз баргузории мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Машҳад дод.

Дар ҳоле, ки ин рӯйдоди муҳимми қуръонӣ қарибулвуқуъ шуда буд ва мудирони устонӣ ба такопу барои баргузории матлуби ин мусобиқот афтода буданд, шуюъи вируси корона, ки ҳамҳгирии он то ду сол баъд ҳам идома дошт, монеъ аз таҳаққуқи ин ифтихор ва рӯъёи ширин барои аҳолии Хуросони Разавӣ ба хусус Қуръониҳои бешумори шаҳри Машҳад шуд.

Ҳоло пас аз чаҳор сол, ки аҳолии Машҳад ба мизбонӣ аз бузургтарин рӯйдоди рақобатӣ дар ҳавзаи Қуръон бисёр наздик шуда буданд ва дар ниҳоят ба ин муҳим нарсиданд, як бори дигар худро дар остонаи мизбонӣ аз қориён ва ҳофизони байналмилалии Қуръон мебинанд. Мусобиқоте, ки давраи чиҳилуми он авоили исфандмоҳи имсол ба поён расид.

Ёдовар мешавад, соли гузашта марҳалаи муқаддамотии сию нӯҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон, ки ба сурати ғайри ҳузурӣ барномарезӣ шуда буд, ба мизбонии шаҳри Машҳад ва бо ҳузур ва истиқрори доварон дар ин шаҳр иҷро шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4204474

captcha