Ба гузориши манобеи хабарӣ, як барномаи омӯзишие, ки имкони ёдгирӣ ва дарки Қуръонро медиҳад, 2 миллион доллар сармоя аз сармоягузорон ҷазб кардааст.
Барномаи Қуръонии Niyyah (Нияҳ), ки қаблан Guider ном дошт, эълом кард, ки ширкатҳои Venrex ва Cur 8 Capital, барои тавсеаи ин барномаи қуръонӣ ин кумаки молиро анҷом додаанд.
Ин гурӯҳ гуфт, ки тағйири ном, нишондиҳандаи тааҳҳуди он ба тавонмандисозии мусулмонон ва ҳамсу кардани иқдомоти он аст.
Ин барнома ба мусулмонони пурмашғала кумак мекунад то дар бахшҳои кӯчак ва қобили мудирият бо тафсири оёти Қуръон ошно шаванд. Ин барнома як рӯйкарди ҳидоятшуда барои ёдгирии Қуръонро ба кор мегирад, ки онро барои корбарон, корбурдӣ ва қобили дастрасӣ мекунад то мавзӯъоти мухталифро бо суръати замони мутаносиби худ фаробигиранд.
Шиназ Навас, яке аз бунёнгузорон ва мудири омили Нияҳ гуфт: дар ҳар рӯз, Қуръон миллиардҳо бор тавассути садҳо миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба забони арабӣ тиловат мешавад. Вай афзуд: мушкил ин аст, ки 80 дарсад аз мо калимотро, ки мехонем, намефҳмем. Ин чизе аст, ки мо бо кумак ба мусулмонон дар дарки Қуръон дар камтар аз 5 дақиқа дар рӯз дар садади ҳалли он ҳастем.
Шиназ, ки қасд дорад аз будҷаи ҷамъоварӣ шуда барои густариши мӯҳтавои барнома ва тақвияти он бо кумаки ҳуши маснуӣ истифода кунад, афзуд: мо мӯътақидем, ки Қуръон тамоми ҳикматҳои лозим барои муваффақиятро дорад ва замони он расидааст, ки аз он истифода кунем.
Нияҳ барномаҳои баландпарвозонае барои дастёбӣ ба даромади солонаи беш аз 100 миллион пунд дар шаш соли оянда дорад. Том Профумо, яке аз сармоягузорони ин барнома гуфт: бо беш аз ду миллиард мусулмон дар саросари ҷаҳон ва афроди бисёре, ки ба думболи роҳҳои беҳтаре барои дарки дин ҳастанд, Нияҳ як фурсати ҷаҳонӣ аст.
Вай идома дод: Шиназ ва тими ӯ дар соли аввал кори худ шоҳиди истиқболи фавқулодае будаанд, ки гувоҳӣ бар маҳсули мутафовите аст, ки онҳо дар ҳоли сохтан ҳастанд ва дарки амиқи онҳо аз ниёзҳои мухотабонро нишон медиҳад. Вай афзуд: мо муштоқем, ки аз Niyyah дар марҳалаи баъдӣ рушди он ҳимоят кунем.
Муҳаммад Яшил Ҳарк, узви ҳайати мудираи Collective Continuum гуфт: Faithtech як раванди ҷадид ва навзҳур аст, ки ширкати мо аз раванди рушди он ҳаяҷонзадааст. Барномаи қуръонии Niyyah намунаи комиле аз як маҳсули диҷитолӣ бо фоидаҳои иҷтимоӣ барномарезӣ шуда дар он аст.
Шиназ, ки Нияҳро дар соли 2023 ба далел ноумедӣ аз камбуди барномаҳои омӯзишӣ барои мусулмонон таъсис карда мегӯяд: Қуръон тамоми роҳнамоиҳоеро, ки мо барои муваффақият ниёз дорем, дорад, аммо бештари мо ба сахтӣ ин роҳнамоиро дарк мекунем; Инҷост, ки Нияҳ ба мусулмонон кумак мекунад то бо дарк ва ба коргирии Қуръон дар зиндагии рӯзмраи худ рушд кунанд.