Ба гузориши ИКНА, масҷиди Нурсултон, бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ, соли гузашта дар пойтахти Қазоқистон ифтитоҳ шуд. Маросими ифтитоҳия бо ҳузури Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон, мақомоти мазҳабии Узбакистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия ва Миср, суфарои кишварҳои исломӣ ва намояндагони расонаҳо баргузор шуд.
Назарбоев дар суханронии худ дар ин маросим гуфт: ин масҷид барои ризои Худованди Мутаол сохта шудааст, ки ба ин кишвар кумак кард то ҳокимияти худро дар даврони истиқлол таҳким кунад. Вай афзуд: ифтитоҳи ин масҷид, натанҳо барои пойтахт ва кишвари мо, балки барои тамоми ҷаҳони Ислом рӯйдоди муҳимме аст.
Сохти ин масҷид дар соли 2019 оғоз шуд ва бо вуҷуди мушкилоти ношӣ аз шуюъи вируси корона, кори сохти он бидуни таваққуф идома ёфт. Ин масҷид тавассути меъмороне аз Туркия ва Ховари Миёна тарроҳӣ шудааст. Назарбоев, ки дар тӯли сафарҳои худ ба хориҷ аз кишвар меъмории бисёре аз ибодатгоҳҳоро мавриди баррасӣ қарор дода буд, як рӯз қабл аз тарки мансаби риёсати ҷумҳурӣ, куланги ин тарҳро бар замин зад.
Вижагиҳои мунҳасир ба фарди масҷид Нурсултон
Ин масҷид, ки бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад дар замини ба масоҳати тақрибан 68 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда ва яке аз 10 масҷиди бузурги ҷаҳон маҳсуб мешавад. Тарроҳии ин масҷид, ки таркибе аз меъмории исломӣ бо тазъиноти суннатии Қазоқистон аст, бисёр вижа аст.
Масҷиди Нурсултон дорои 5 гунбади аслии лоҷвардӣ аст, ки гунбади аслии он ба қутри 62 метр буда ва чаҳор гунбади ҷонибии онро иҳота кардаанд. Ин масҷид ҳамчунин дорои чаҳор минора ба иртифои 134 метр аст.
Масҷиди Нурсултон гунҷоиши 35000 намозгузорро дорад ва ба далели вуҷуди системи гармоишии хос, намозгузорон метавонанд дар замистони сахти Қазоқистон низ дар саҳни масҷид ба ибодат бипардозанд.
Девори қиблаи масҷиди Нурсултон ба 99 Асмоулҳусно музайян шуда ва мураккаб аз 25 миллион қитъа шишаӣ аст, ки аз ин назар дар ҷаҳон беназир аст. Чиҳилчароғи ин масҷид низ мураккаб аз 1,5 миллион қитъаи булӯрӣ аст, ки аз ин назар дар ҷаҳон беназир аст.
Илова бар ин фарши дастбофи азиме ба шакли байзавӣ низ ин масҷидро мафруш сохтааст. Ин фарши дастбоф дар Ҳинд ва бо мушорикати 5000 нафар бофта шудааст. Ҳамчунин тамоми дарҳо ва шишаҳои рангии масҷид низ дастсоз аст.
Масҷиди ҷомеъи Нурсултон, ки шомили музаи исломӣ, китобхона, толори зиёфат, синфҳои Қуръон, салони конфронс, салони арӯсӣ, поркинги сарпӯшида, сардхона ва ғуслхона ва студияи телевизионӣ аст ба яке аз намодҳои ҷадиди ин кишвар табдил шуда ва гардишгарони зиёдеро ба худ ҷалб кардааст.
Масҷиди Нурсултон; Намоди ваҳдати миллии Қазоқистон
Ин масҷид бо ибтикор ва назорати вижаи Нурсултон Назарбоев сохта шуда ва ваҳдат ва дӯстии беш аз 130 гурӯҳи қавмии сокин дар ин кишварро нишон медиҳад. Тарроҳони ин бино, аз таърихи ғании Қазоқистон ва меъмории мутанаввеи он илҳом гирифтанд.
Меъмории ин минтақа дар тарроҳии ин масҷид илҳомбахш будааст; Чашмгиртарин созаи таърихии ин кишвар оромгоҳи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ аст, ки дорои гунбадҳои бошукӯҳи мутааддид, тазъинот, рангҳои дурахшон ва ҷузъиёти чашмнавоз аст.
Саҳни масҷид ба панҷ қисмат тақсим мешавад, ки намоди намозҳои панҷгона аст. Дар муҷовирати намозхонаи аслӣ, мадрасаи улуми исломӣ қарор дорад.
Гунбади аслии ин масҷид бузургтарин соза дар навъи худ дар кулли ҷаҳон маҳсуб мешавад. Масоҳати масҷид тақрибан 25 гектар аст ва атрофи онро дарахтон ва боғҳои зебо ва ороста иҳота кардааст.
Ширкати туркияии Dewan кори тарроҳии ин масҷидро анҷом додааст. Бо таваҷҷуҳ ба андоза ва миқёси масҷид, яке аз аносири калидии тарроҳӣ, итминон аз ҳаракати коромади даҳҳо ҳазор намозгузори масҷид мутобиқ бо мавозини исломӣ буд.
Барои муқобила бо ин чолиш, меъморони турк чандин шабеҳсозии роёнаиро анҷом доданд то ҳаракати афрод дар масҷидро муделсозӣ ва масоҳати мавриди ниёзи аносири калидии мухталиф, монанди ҳарам, саҳн, мадраса ва вузӯхонаро таъйин кунанд.
Дар ин праект аз масолеҳи табиӣ монанди санги табиӣ, санги мармар, варақи тило, кристали махсус, кошӣ ва шиша истифода шудааст.
Сабти дар Гиннес
Масҷиди ҷомеи Нурсултон, ки аз бисёре нуқоти шаҳр қобили мушоҳидааст, номзади рекордҳои ҷаҳонии Гиннес аст. Ин масҷид, ки дар тарроҳии он аз намодҳои мухталифе истифода шудааст, рекорди ҷаҳонии андозаи лустери аслии намозхонаро ба худ ихтисос додааст. Девори қиблаи масҷид бо таваҷҷуҳ ба теъдоди кристалҳои истифода шуда ва андозаи он бузургтарин дар навъи худ аст.
Масҷиди ҷомеъи Нурсултон, ки яке аз бузургтарин дарҳои масоҷид дар ҷаҳонро дорад, ҳамчунин шомили бузургтарин саҳн дар масоҷиди ҷаҳон аст, ки мутаносиб бо вижагиҳои ҷуғрофияи сарди Қазоқистон сохта шудааст.
Дар атрофи бузургтарин гунбад, як катибаи хушнависии 197,8 метрӣ, ки бо даст тарроҳӣ шудааст, рекорди ҷаҳонии ҷадидеро барои тӯлонитарин нусхаи хаттии ҷаҳон ба сабт хоҳад расонд.
Дар дохил, тарҳи ранги равшани обии тилоӣ ва сафед фазои дохилии масҷидро равшан нигаҳ медорад. Нурсултон аз роҳи шишаҳои рангӣ, панҷараҳо бо нақшҳои гул ва ҳандасии, гӯша ва канори масҷидро зинат мебахшад.
Қазоқистон кишваре чандқавмиятӣ аст ва қаззоқҳо ҳудуди 63 дарсади сокинони онро ташкил медиҳанд. 23٫7 дарсади мардуми ин кишвар рус ва бақия ӯзбак, украинӣ, уйғур ва ғайра ҳастанд. Дини 70 дарсад аз мардум, Ислом ва бақияи шаҳрвандони ин кишвар масеҳӣ ҳастанд.
Қазоқистон кишвари бо аксарияти мусулмон ва тибқи қонуни асосии ин кишвар секулор аст; ақаллияти рус дар ин кишвар пайрави калисоии ортодокси шарқӣ ҳастанд.
https://iqna.ir/fa/news/4193677