IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 15

Каъба нахустин ибодатгоҳи таърих аст

22:52 - June 18, 2023
рақами хабар: 124
Аъмоли ҳаҷ тавассути мусулмонон анҷом мешавад. Аммо ба гуфтаи Қуръон, Каъба аввалин ибодатгоҳ ва оини ҳаҷ омиле барои ҳидояти фарогир натанҳо барои мусулмонон, балки барои ҳамаи ҷаҳониён маҳсуб мешавад.

Дувоздаҳумин моҳи қамарӣ, ки Зулҳиҷҷа номида мешавад, мавсими ихтисосӣ барои баргузории маросими пуршукуҳи ҳаҷ аст. Ин маросим тибқи ончи дар Қуръони Карим омадааст, барои аввалин бор дар замони ҳазрати Иброҳим(а) ва баъд аз бинои Каъба аз сӯи ин Паёмбари Илоҳӣ аз сӯи Худованд вазъ шуд. Худованд хитоб ба Иброҳим гуфт: وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَى كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ “Ва дар миёни мардум барои [адои] ҳаҷ садо баровар то [зоирон] пиёда ва [савор] бар ҳар шутури лоғаре, ки аз ҳар роҳи дӯре ме‏оянд ба сӯи ту рӯй оваранд” (Ҳаҷ, 27).

Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ дар мавриди Каъба ин аст, ки Қуръон ҷойгоҳи Каъбаро аввалин намод ва қибла барои парастиши Худованд муаррифӣ мекунад ва пас аз ин пешина, ба баёни зарурати барпоӣ оини ҳаҷ мепардозад. Оёти мутааддиди дигаре дар Қуръон баён шуда, ки аҳкоми анҷоми ҳаҷ ва ҷузъиёти ин маросими бошукӯҳро баён мекунад.

إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكًا وَهُدًى لِلْعَالَمِينَ “Яқинан нахустин хонае, ки барои [ниёиш ва ибодати] мардум ниҳода шуд, ҳамон аст, ки дар Макка аст, ки пурбаракат ва василаи ҳидоят барои ҷаҳониён аст”. (Оли Имрон, 96).

Каъба дар назари умматҳои мухталиф мавриди эҳтиром ва тақдис буд. Масалан ҳиндиён онро таъзим мекарданд ва мӯътақид буданд ба инки рӯҳи (Сайфа) дар Ҳаҷаруласвад ҳулӯл карда ва ин ҳулӯл дар замоне воқеъ шуда, ки Сайфа бо ҳамсараш аз билоди Ҳиҷоз дидор карданд. Ҳамчунин Собиён аз Форс ва Калдониён, Каъбаро таъзим мекарданд, ва мӯътақид буданд, ки Каъба яке аз хонаҳои муқаддаси ҳафтгона аст. Яҳудиён низ онро бузург медоштанд ва дар он Худоро тибқи дин Иброҳим ибодат мекарданд, ва дар Каъба суратҳо ва муҷассамаҳое аз ҷумла муҷассамаи Иброҳим ва Исмоил, ва сурати Марям ва Масеҳ буд, ки шоҳид бар он аст, ки яҳудиён ва масеҳиён Каъбаро таъзим мекарданд.

Каъба омили ҳидояти фарогир

Аллома Иаботабоӣ дар Ал-мизон мегӯяд Каъба ба тамоми маротиби ҳидоят аз хутури зеҳнӣ гирифта то ҷудоӣ комил аз дунё ва иттисоли комил ба олами маъно, ва ба тамоми маъно ҳидоят аст ва ҳақ ин аст, ки бигӯем ҷуз бандагони мухлиси Худованд ба он дастрасӣ надоранд. Илова бар ин, Каъба олами Исломро ба саодати дунёияшон низ ҳидоят мекунад ва ин саодат иборат аз ваҳдати калима ва иттиҳоди уммат аст.

Каъба ҳамчунин олами ғайри Исломро ҳам ҳидоят мекунад; Ингуна, ки аз хоби ғафлат бедор шаванд ва ба самароти ин ваҳдат таваҷҷӯҳ кунанд ва бубинанд, ки чигуна Ислом қувои мухталиф ва салиқаҳои гуногун ва нажодҳои мутафовитро бо ҳам муттаҳид ва бародар кардааст. Бар ҳамин асос, ваҳдат яке аз асоситарин ҳадафҳое аст, ки дар ҳаҷ думбол мешавад.

Аз инҷо ду нукта равшан мешавад: аввал инки Каъба омили ҳидоят ба сӯи саодати дунё ва охират аст. Дувум инкӣ: Каъба ҳидояте маҳсуб мешавад, ки натанҳо ба ҷамоати хос, балки ба ҳамаи олам тааллуқ дорад, зеро доманаи ҳидояти Каъба васеъ аст.

Калидвожаҳо: Қуръон чӣ мегӯяд, ҳаҷ, аввалин ибодатгоҳ, ҳидояти фарогир

captcha