Ба гузориши манобеи хабарӣ, «Абдурраҳмон Шуҳайбар» қории сурӣ муваффақ шуд дар яке аз қисматҳои мусобиқоти Қуръон, ки ҳамасола дар моҳи мубораки рамазон аз шабакаи "ТРТ 1"-и телевизиони Туркия пахш мешавад мақоми аввалро касб кунад.
Ин қории сурӣ дар чаҳордаҳумин қисмати ин барнома, ки ба муддати як соату ним аз ин шабакаи телевизионӣ пахш шуд, ба рутбаи аввал даст ёфт.
Бар асоси таъйиди ҳайати доварони ин мусобиқоти рамазонӣ, Абдурраҳмон Шуҳайбар бо касби 298 имтиёз, ва 4 имтиёзи бартарӣ бар мақоми дуввум, тавонист рутбаи нахусти ин мусобиқотро касб кард.
Барномаи «мусобиқаи қироати Қуръони Карим», ки ба забони туркии Kur'an-ı Kerim'i Güzel Okuma Yarışması гуфта мешавад, ҳар рӯз соати 16:40 ба вақти Туркия аз шабакаи "ТРТ 1" пахш мешавад.
Абдурраҳмон Шуҳайбар, аввалин қории сурӣ набуд, ки дар барномаи қироати Қуръон, дорои беҳтарин савт дар қироати Қуръон шинохта шуд, балки дар авохири соли 2018 низ «Муҳаммад Ҷамол Шавка» ҷавони сурӣ дар яке аз қисматҳои яки барномаи мазҳабӣ ба унвони як ҷавони сурӣ ва Араб чунин рутбаеро ба даст овард.