Дар мавриди офариниши инсон идаҳо ва назариёти мухталифе матраҳ шудааст. Ислом низ назарияи худро дар ин робита дорад, ки дар Қуръони Карим зикр шудааст. Муҳиммтарин чолиши инсон дар ҷаҳони хилқат рӯёрӯӣ бо шайтон ва васвасаҳои шайтонӣ аст.
Далели номгузории ин сура ба номи Ҳиҷр, ишора ба достони қавми ҳазрати Солеҳ(а), яъне қавми Самуд дар оёти 80 то 84 он аст, ки ба хотири ҳузур дар сарзамине ба ҳамин ном, асҳоби Ҳиҷр номида мешуданд. Солеҳ, аз Паёмбарони Араб ва аз фарзандони Сом писари Нӯҳ аст. Дар Қуръон, 9 бор номи Солеҳи набӣ омада ва ӯро пас аз Нӯҳ ва Ҳуд зикр кардааст.
Сураи Ҳиҷр дар бораи оғози олами ҳастӣ ва нишонаҳои маод, имон ба Худо, аҳамият ва азамати Қуръон ва муҷозоти бадкорон сухан мегӯяд.
Дар ин сура ба моҷарои хилқати ҳазрати Одам(а), саҷдаи малоика бар ӯ ба ҷуз Иблис, достони бишорати малоика ба ҳазрати Иброҳим, азоби қавми Лут ба далели рафторҳои шанеи онон ва достони қавми Самуд ишора шудааст.
Аз нукоти қобили таваҷҷӯҳи ин сура, оёти марбут ба офариниш аст. Дар оёти 26 то 43 достони офариниши инсонҳо ва ҷинниён ва моддаи хилқати ин ду гурӯҳ гузориш мешавад ва бо ишора ба итоати фариштагон аз фармони илоҳӣ ва сарпечии Иблис, мавзӯъи ронда шудани ӯ аз даргоҳи илоҳӣ матраҳ мешавад.
Достони офариниши одам ва саркашии Иблис ва саранҷоми кори ӯ, ба унвони як ҳушдор барои ҳамаи инсонҳост; Чаро, ки Иблис ба хотири инсон аз даргоҳи Худованд ронда шуд, аммо қабл аз ронда шудан аз Худованд хост то фурсати гумроҳкардани инсон ба ӯ дода шавад. Ин фурсат ба ӯ дода мешавад ва Иблис қасам мехӯрад то инсонҳоро ба ҷуз бандагони холиси Худованд гумроҳ кунад.
Албатта ингуна нест, ки инсон чорае ҷуз гирифтор шудан дар доми шайтон надошта бошад; Худованд дар сураи Ҳиҷр инсонро дар як ду роҳӣ ба тасвир кашида, ки бо ихтиёри худ яке аз онҳоро интихоб мекунад. Аз як су касоне, ки монеъи тасаллути шайтон бар худ мешаванд дар ин сурат إِنَّ الْمُتَّقِينَ فِي جَنَّاتٍ وَعُيُونٍ؛ ادْخُلُوهَا بِسَلَامٍ آمِنِينَ: “Бе гумон парҳезгорон дар боғҳо ва чашмасоронанд; Бо саломат ва эминӣ дар онҷо дохил шавед” (Сураи Ҳиҷр: 45 ва 46).
Ва дар тарафи дигар касоне ҳастанд, ки аз шайтон пайравӣ мекунанд; Дар ин сурат وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمَوْعِدُهُمْ أَجْمَعِينَ: “Ва қатъан ваъдагоҳи ҳамаи онон дӯзах аст” (Сураи Ҳиҷр: ояти 43).
Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, 114, офариниш, оғози офариниш, офариниши инсон, шайтон.