IQNA

Парҳез аз тарс ва инзиботи эҳсосотӣ дар Қуръон

22:17 - April 29, 2024
рақами хабар: 1427
ИКНА - Худованди Мутаъол аз ҳар тарсе ҳамчун васвоси шайтон ва тарс аз мардум манъ намӯдааст ва ба хашят аз худ дастур додааст; зеро тарс аз Худо фардро фармонбардори ягонаи Холиқ ва мудаббири ҳастӣ мегардонад ва аз ҳар тавқи зиллат ва хорӣ мераҳонад.

Қуръони Карим масири тахлияи ҳамаи анвоъи ҳаяҷонотро дар иртибот бо Худо ва хости ӯ медонад. Дар мавриди тарсу соири ҳаяҷоноти манфӣ низ ҳамин масаъла содиқ аст. Инсон барои касби инзиботи ҳаяҷонӣ лозим аст аз вилояти шайтон хориҷ шавад то аз тарсу ваҳшате ки ӯ бо фиребҳояш дар дилу ҷони одамӣ меандозад раҳоӣ ёбад.

Қуръони Карим мефармояд: «إِنَّمَا ذَٰلِكُمُ الشَّيْطَانُ يُخَوِّفُ أَوْلِيَاءَهُ فَلَا تَخَافُوهُمْ وَخَافُونِ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ» (Оли Имрон: 17۵).

Асосани пешрафти кории шайтон бо тарсондани инсонҳо аз туҳидастӣ ва фақр ӯро ба кори зишт амр мекунад: «الشَّيْطَانُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ وَيَأْمُرُكُمْ بِالْفَحْشَاءِ» (Бақара: 268). Раҳоӣ аз шайтон муқаддимае аст барои раҳоӣ аз ҳаргуна тарс аз ҳар касе ҷуз Худованд ва расидан ба озодӣ ва иқтидоре ки дар сояи имон ва эътимод ба Худо ҳосил мешавад. Ба ҳамин далел Худованд аз ҳар тарси ҷузъӣ хашят аз худ манъ намӯдааст ва онро шоиста донистааст: «فَاللَّهُ أَحَقُّ أَنْ تَخْشَوْهُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ» (Тавба: 13 ); зеро хашят аз Худованд ва мухолифати бо Ӯ танҳо манба ва маншаи асар дар олами вуҷуд аст.

Илова бар шайтон ва итоат аз фаромини Ӯ, тарс аз мардум ва амал бар асоси он низ дар Қуръони Карим наҳй шудааст. Қуръони Карим дар ҷараёни тарси бархе уламои яҳуд аз мардум мегуяд: «إِنَّا أَنْزَلْنَا التَّوْرَاةَ فِيهَا هُدًى وَنُورٌ يَحْكُمُ بِهَا النَّبِيُّونَ الَّذِينَ أَسْلَمُوا لِلَّذِينَ هَادُوا وَالرَّبَّانِيُّونَ وَالْأَحْبَارُ بِمَا اسْتُحْفِظُوا مِنْ كِتَابِ اللَّهِ وَكَانُوا عَلَيْهِ شُهَدَاءَ فَلَا تَخْشَوُا النَّاسَ وَاخْشَوْنِ وَلَا تَشْتَرُوا بِآيَاتِي ثَمَنًا قَلِيلًا ۚ وَمَنْ لَمْ يَحْكُمْ بِمَا أَنْزَلَ اللَّهُ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْكَافِرُونَ» (Моида: 44). Зеро тарс аз мардум монеи баёни оёти илоҳӣ ва аҳкоми Худо мешавад; аз ин рӯ мефармояд бар тибқи он чӣ медонед, ки ҳақ аст, амал кунед ва аз сарзаниши ҳеҷ сарзанишкунандае натарсед.

Чаро, ки фақат Худо мустаҳаққи хашият аст ва хашият ҷуз барои Худо ҷоиз нест.

Асосан тавваҷуҳ ба назароти дигарон ва тарс ар ҳарфу ҳадис ва сарзаниши онҳо фардро сардаргум ва беирода месозад ва қудрати таъаққул ва тафаккурро аз ӯ гирифта ва ба водии ҳайрат ва гумроҳӣ мекашонад. Бархилофи тарс аз Худо, ки фардро пешрав, озод ва фармонбардори ягонаи Холиқ ва мудаббири ҳастӣ мегардонад ва ҳаргуна тавқи зиллатеро аз гарданаш боз маенамояд.

captcha