Ба гузориши ИКНА, вебинари байналмилалии «Фаластин дар андешаи шаҳид Мутаҳҳарӣ» димрӯз чаҳоршанбе, 12 урдибиҳишт моҳ соати 10:30 ба сӯрати бархат аз ИКНА ба нишонеии https://www.aparat.com/iqnanews/live баргузор шуд.
Алии Мутаҳҳарӣ; фарзанди шаҳид Мутаҳҳарӣ ва узви ҳайати илмии донишгоҳи Теҳрон, Талол Атрисӣ; устоди донишгоҳи Лубнон, Саттор Қосим Абдуллоҳ; устоди донишгоҳи Зиқори Ироқ, Ёсин Фазл Ал-Мусавӣ; андешаманди баҳрайнӣ ва ҳуҷҷатулислом Шафиқии Ҷародӣ, мудири пажӯҳишкадаи мутолиоти динӣ ва фалсафии Лубнон дар ин вебинар суханронӣ карданд.
Талол Атрисӣ, устоди донишгоҳи Лубнон, дар суханони худ таъкид кард: ба ақидаи шаҳид Мутаҳҳарӣ дар тӯли таърих, сарзамини Фаластин дар тамаллуки яҳудиён набуда аст ва замоне ки лашгари мусулмонон ин сарзаминро фатҳ карданд, масеҳиён ва фаластиниён дар ин минтақа ҳузур доштанд на яҳудиён; дар ҳамаи нақшаҳои қадимӣ низ номи «Фаластин» навишта шудааст яъне ин минтақа, сарзамини Фаластин аст ва аз он яҳудиён нест.
Машрӯҳи суханони Талол Атрисӣ дар ин вебинар ба шарҳи зер аст:
Шаҳид Мутаҳҳарӣ, ки дар авоили пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ба шаҳодат расид, мироси бузург ва муҳимме дар заминаҳои фикрӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва дар посух ба гароишҳои хасмона нисбат ба андешаи исломӣ барҷой гузошт.
Аммо он чи тавваҷуҳи моро ҷалб мекунад он аст, ки ин шахсияти фикрӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии замоне ки дар ҳоли мубориза дар ҳамаи ин заминаҳо алайҳи шоҳ, истибдоди ӯ ва инҳирофи фикриаш буд, дидгоҳии ошкор ва роҳбурдӣ дар бораи масаълаи Фаластин ва миллати Фаластин дошт.
Лозим аст барои шинохти мавзеи шаҳид Мутаҳҳарӣ аз ин масоил огоҳ бошем. Аввалан ин ки шаҳид Мутаҳҳарӣ ин мазлумиятро бо дидгоҳи Ислом ва дайн муртабит намедонист ва намепазируфт, ҳамонтавр, ки имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Ошуро ҳаргуна мазлӯмият, фасод, ҷавру истибдодро напазируфтанд, шаҳид Мутаҳҳарӣ низ ҳамин дидгоҳро барои рад ва напазируфтани зулм нисбат ба миллати Фаластин дошт.
Нуктаи муҳимми дувум, ки дар бисёре аз мабоҳис навишташудааст он аст, ки Ғарб ва режими саҳюнистӣ дар бораи ин мавзеи ақидатӣ ва динӣ, ки таърихи арабҳои Фаластин мутаъаллиқ ба миллати яҳуд ва ҳаққи онон аст, навишта ва аз он дифоъ кардаанд. Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар теъдоде аз суханрониҳо ва таълифоти худ ба ин масаъла посух додааст, ки ин ҳақ, ҷаълӣ ва иддаои дуруғин аст.