Ба гузориши манобеи хабарӣ, ин бӯстони Қуръонӣ, ки бахше аз донишгоҳи Ҳамд ибни Халифа мутааллиқ ба бунёди Қатар аст, нахустин боғ аз ин навъ дар Қатар ва дувумин боғи гиёҳшиносӣ дар Ховари Миёна аст, ки муваффақ ба касби унвони бӯстони пешрав дар заминаи ҳифозат аз манобеи гиёҳӣ шудааст.
Масъулони бӯстони Қуръонии Қатар ин унвонро гувоҳе барои талош анҷом шуда дар заминаи ҳифзи манобеъи гиёҳии Қатар ва гиёҳон ва дарахтони зикр шуда дар Қуръон тавсиф ва изҳори умедворӣ карданд то ин унвон боиси иртиқои ҷойгоҳи ин бӯстон дар сатҳи байналмилалӣ шавад.
Ҳамчунин касби ин унвон, тааҳҳуди бӯстони Қуръонии Қатар ба стандартҳои байналмилалӣ дар заминаи ҳифозат аз манобеъи гиёҳӣ, ҷамъоварӣ ва мустанадсозии маҷмӯаҳои зистмуҳитӣ аз қабили базр, анвоъи гиёҳон ва ҳамчунин фарҳанг ва истилоҳоти муртабит бо онро нишон медиҳад.
Ба гуфтаи масъулони бӯстони Қуръонии Қатар наздик ба се миллион базри гиёҳони камёб, гиёҳони бумии сарзамини Қатар ва гиёҳони зикр шуда дар Қуръонии Карим ва ривояоти Набавӣ ҷамъоварӣ шудааст ва ин базрҳо дар марокизи бисёр пешрафта метавонанд то даҳаҳо нигаҳдорӣ шаванд.
Ин боғ дорои маҷмӯаҳои болиғ бар 18 ҳазор ва 500 дарахт ва дарахтча аз 115 гуна аст, ҳамчунин дар соли ҷорӣ наздик ба 55 ҳазор асла дарахт ва дарахтча тавлид шудааст. Ин рақам бахше аз маҷмӯъи 100 ҳазор дарахти барномарези шуда барои тавлид бо равишҳои рӯзи дунё аст, ки дар маркази ҳифозат аз манобеъи гиёҳӣ дар ниҳолстони бунёди Қатар нигаҳдорӣ мешавад.
Бӯстони Қуръонии Қатар ҳамчунин дорои 2500 намуна гиёҳе аст, ки корти шиносоӣ доранд. Ин намунаҳо гиёҳшиносонро қодир месозад то дар мавриди табақабандии илмии гиёҳон таҳқиқ кунанд.