Дар ин дидор чандтан аз қурроъ ба тиловати оёти Қуръони Карим пардохтанд ва ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ зимни тавсияи қориёни Қуръон ба интиқоли мафоҳими оёти тиловат шуда ба мустамиъин, таъкид карданд: «Тиловати Қуръон абзор аст, васила аст; Барои чӣ? Барои ҷогир шудани маорифи қуръонӣ дар дил; Дар дарҷаи аввал ин аст, ки рушд медиҳад ҷомеаи исломиро. Дар як маҷлисе, ки шумо Қуръон мехонед, чиқадр хуб аст баъд аз онки масалан даҳ дақиқа ё як рубъ тиловат кардед, битавонед ба қадри панҷ дақиқа, даҳ дақиқа, мазомини ҳамон [оёт]-ро ба ҳамон мустамеъи тиловататон мунъакис кунед ва бигӯед ин оёте, ки хондам, инҳоро дошт мигуфт. Ин хеле хуб аст; Ин сатҳи мустамиъро, сатҳи маҷлисро, хеле боло мебарад.»