Мол ба манзилаи сутуни фақароти ҳаёти одамӣ аст. Афродро аз он ҷиҳат фақир мегӯяанд, ки тавоноӣ бар по истодан аз назари молиро надоранд. Қуръони Карим таъкид мефармояд, ки дороӣ ва сарватро набояд ба дасти сафеҳон супурд, зеро сарват омили қиём ва пойдории инсон ва ҷомеа аст: وَلَا تُؤْتُوا السُّفَهَاءَ أَمْوَالَكُمُ الَّتِي جَعَلَ اللَّهُ لَكُمْ قِيَامًا (Нисоъ: 5). Агар сафеҳи сутуни фуқароти як миллатро ба даст бигирад ин сутунро мешиканд ва ин миллатро замингир мекунад.
Яке аз вижагиҳои сафеҳ ин аст, ки намедонад аз амвол чигуна баҳрабардорӣ кунанд. Аз манзари Қуръон, барои дар ихтиёр доштани сармоя, илова бар булуғ, расидан ба рушди иқтисодӣ ҳам лозим аст. Қуръони Карим дар бораи ятимон мефармояд: وَابْتَلُوا الْيَتَامَى حَتَّى إِذَا بَلَغُوا النِّكَاحَ فَإِنْ آنَسْتُمْ مِنْهُمْ رُشْدًا فَادْفَعُوا إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ (Нисоъ: 6). Яъне бояд ятимонро пеш аз булуғ, аз назари рушди иқтисодӣ озмоиш кард ва масалан бо кор омӯзӣ ва ёддодани равиши доду ситади ононро рушд дод. Яке аз мухтасоти рушди иқтисодӣ, барномарезӣ ва инзиботи рафторӣ аст. Барномарезӣ аз муҳиммтарин аркони мудирияти иқтисодӣ аст.
Яке аз ҷилваи инзиботи рафторӣ анҷоми фаврии корҳо ва адами тасвиф ва ба фардо афкандан аст. Ҷолиб онки дар ривоёт аз қавли Расули Акрам (с) омадааст: «Вой ба ҳоли санъатгарони уммати ман, аз инки дар кори мардум имрӯз ва фардо кунанд». Амиралмуъминин Алӣ (а) ба Молик сифориш мекунанд, ки «Бархе аз умурро худат анҷом бидеҳ». Аз ҷумлаи онҳо «ҷавоб додан ба ҳоҷот ва матолиби мардум дар ҳамон рӯзе аст, ки ҳоҷоташон ба ту мерасад» ; Яъне матолибат мардумро ба суръат ва дар ҳамон рӯз посух бидиҳ. Имом дар идома дар қолаби як асл, ки муштамил бар тадбир ва барномарезӣ аст, мефармоянд: «Барномаи ҳар рӯзро дар ҳамон рӯз анҷом деҳ, зеро ҳар рӯзеро кори махсус ба ҳамон рӯз аст».