IQNA

Таҳияи дастурҳои нав барои таҳкими гардишгарии исломӣ дар Русия

21:53 - May 18, 2024
рақами хабар: 1517
ИКНА - Мақомоти Русия бо тадвини як дастуруламали тоза барои меҳмонхонаҳо ва рестаранҳо қасд доранд тасҳилоти бештареро барои гардишгарони мусулмон фароҳам кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Ҷазира, Максим Протасов, раиси созмони кайфияти Русия, аз роҳандозии хадамоти гардишгарии мунтабиқ бо меъёрҳои исломӣ дар ин кишвар хабар дод.

Вай хотирнишон кард, ки давраи озмоиши ин систем 6 моҳ тӯл мекашад то дар мавриди муносибтарин равиш барои ҷалби ризояти гардишгарони мусулмон натиҷагирӣ шавад.

Максим Протасов дар ҳошияи маҷмаъи Русия ва ҷаҳони Ислом, ки дар шаҳри Қазон баргузор шуд гуфт: ин ҳафта мо як дастуруламали мусулмонпсандро иблоғ кардем, ки метавонад барои рестаранҳо, меҳмонхонаҳо ва марокизи беҳдоштӣ иҷро шавад. Вай афзуд: имсол қарор аст ҳудуди 100 гувоҳиномаи ҳалол барои рестаранҳо, меҳмонхонаҳо, салнҳои конфронс, намоишгоҳҳо ва соири марокиз содир шавад.

Вай идома дод: моҳияти ин шеванома ин аст, ки дар ҳар касб ва коре чӣ рестаран ва чӣ меҳмонхона агар меҳмоне ба онҷо биёяд ва бигӯяд мусулмон ҳастам ва ба хадамоти хоссе ниёз дорад, бояд ин хадамот ба ӯ ироа шавад. Махсусан дар утоқе, ки меҳмон дар он иқомат мекунад бояд саҷҷода ва тамоми васоили ҳамроҳи он монанди Қуръон вуҷуд дошта бошад, алкул ироа нашавад ва ғизоҳои ҳаром дар мену набошад.

Максим Протасов тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир бо бозорҳо, ширкатҳои мусофиратӣ ва маторҳои ҷустуҷӯ тавофуқномае вуҷуд дорад, ки рестаранҳо ва фурӯшгоҳҳое, ки гувоҳиномаро касб кардаанд бо барчасби вижаи «мусулмон писанд» мушаххас шаванд.

Максим Протасов аз нақши кумитаи стандарти ҳалоли идораи умури динии мусулмонони ҷумҳурии Тотористон дар эҷоди системи судури гувоҳинома тамҷид кард.

Ӯ мегӯяд: дар ҳолати идеал, як Портали гардишгарии мусулмон писанди ҷудогона ё апликейшени мубоил метавонад фаъол шавад, ки ҳар гардишгари мусулмон битавонад амокуни ироа диҳандаи хадамоти ҳалолро шиносоӣ кунад.

Понздаҳумин нишасти маҷмаъи ҷаҳонии Русия - Ислом 2024 аз душанбеи гузашта дар Қазон, пойтахти Тотористон оғоз шуд. Ин маҷмаъ яке аз рӯйдодҳои иқтисодии байналмилалӣ дар Русия аст ва ба муддати 5 рӯз бо ҳузури беш аз 80 кишвари ҷаҳон монанди Малайзия, Туркия, Эрон, Либия, Қатар, Баҳрайн, Иморот ва соири кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор шуда ва мизбони 125 нишаст бо ҳузури коршиносон барои баҳс дар мавриди равобити иқтисодӣ ва иҷтимоӣ будааст.

Ин маҷмаъ бо ҳадафи эҷоди бистаре барои мутахассисони барҷастаи байналмилалӣ дар заминаи иқтисодӣ ва молии ҷаҳони Ислом, тақвияти равобит байни кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва Федератсияи Русия дар заминаҳои иқтисодӣ, омӯзишӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор мешавад.

Ин маҷмаъ шомили намоишгоҳи ҳалоли Русия аст, ки 4500 маҳсули ҳалоли таъйид шуда аз саросари ҷаҳон аз ҷумла ғизо, хадамот, фурсатҳои сармоя гузорӣ ва проектҳои зербиноиро ба намоиш мегузорад.

Теъдоди кулли мусулмонони сокини Русия ҳудуди 25 миллион нафар тахмин зада мешавад ва бештари онҳо дар манотиқи Қафқози шимолӣ, Тотористон ва Бошкиристон мутамаркиз ҳастанд. Мусулмонон наздик ба як чаҳоруми ҷамъияти пойтахти Русия, ё 2,5 миллион нафар аз ҷамъияти 10.5 миллион нафарии онро ташкил медиҳанд. 

Онҳо ҳамчунин дар 7 минтақаи Русия шомили Ингуштиё, Чичен, Доғистон, Кабардино-Балкария, Карачай-Черкессия, Бошкиристон ва Тотористон аксарият доранд.

https://iqna.ir/fa/news/4216380

captcha