IQNA

Калимаи шаҳид дар Қуръони Карим

17:27 - May 25, 2024
рақами хабар: 1555
ИКНА - Дар Қуръони Карим, 55 бор калимаи «шаҳид» ва «шуҳадо» зикр шудааст, ки ҳамагӣ дар маънои гувоҳ, ҳуҷҷат, ҳозир ва огоҳ аст ва танҳо дар як маврид ба маънои мақтули дар роҳи Худо зикр шудааст.

Калимаи «шаҳид» маонии мухталифе дорад; Шаҳид ба як маъно касе аст, ки ҳеҷ чиз аз илми ӯ пӯшида нест. Табиӣ аст, ки танҳо Худованд дорои чунин хусусиёте аст ва ба ҳамин далел дар оёти бисёре ба унвони васфе аз сифоти илоҳӣ баён шудааст: «وَاللَّهُ شَهِيدٌ عَلَى مَا تَعْمَلُونَ» (Оли Имрон: 98). Дар мароҳили баъдӣ, Паёмбарон: «وَ يَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا» (Бақара: 143) ва малоика: «وَ جَاءَتْ كُلُّ نَفْسٍ مَعَهَا سَائِقٌ وَ شَهِيدٌ» (Қоф: 21) қарор доранд.

Шаҳид ҳамчунин гоҳе ба маънии гувоҳ аст, барои намуна гувоҳон дар муомилотро бо унвони шаҳид ёд мекунад: «وَلَا يُضَارَّ كَاتِبٌ وَ لَا شَهِيدٌ» (Бақара: 282), гоҳе ба маънои ҳозир аст: «فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ» (Бақара: 185) ва гоҳе ба маънои ҳуҷҷат ва роҳнамо ме‏ояд ва ояти: «لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ» (Бақара: 143).

Дар маҷмӯъ оёти муборакаи Қуръони Карим, 55 бор калимаи «шаҳид» ва «шуҳадо» зикр шуда, ки баҷуз як маврид ҳамагӣ ба маънои гувоҳ, ҳуҷҷат, ҳозир ва огоҳ аст. Танҳо дар ояти «فَأُولَئِكَ مَعَ الَّذِينَ أَنْعَمَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مِنَ النَّبِيِّينَ وَ الصِّدِّيقِينَ وَ الشُّهَدَاءِ» (Нисо: 69) дар маънои мақтули дар роҳи Худо ба кор рафтааст. Албатта дар замони ҳаёти Паёмбари Акрам (с) ва баъд аз он унвони шаҳид барои кушташудагони дар роҳи Худо бисёр истифода мешудааст.

Шояд аз он ҷиҳат ба касе, ки дар роҳи Худо кушта шуд, шаҳид ме‏гӯянд, ки ҷонашро дар роҳи ёрии дини Худо фидо карда ва бадин васила шаҳодат дода, ки Худованд ва дастурҳояш, ҳақ ва ғайри ӯ ботил ва нобуд шуданӣ аст. Ин фард, ки дар дунё ба сабаби базли ҷонаш ба ҳақ ва ҳақиқат гувоҳӣ медиҳад, ин шоистагиро пайдо ме‏кунад, ки дар охират аз тарафи Худованд, дар зумраи касоне бошад, ки бар дигарон гувоҳ аст: «شَهِدَ اللَّهُ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ وَالْمَلَائِكَةُ وَأُولُوا الْعِلْمِ قَائِمًا بِالْقِسْطِ» (Оли Имрон: 18)

captcha