IQNA

Таъсиси 30 маркази тарбияти ҳофизони Қуръон дар Миср

4:45 - June 01, 2024
рақами хабар: 1589
ИКНА - Дабири кулли шӯрои олии умури исломии вазорати авқофи Миср аз таъсиси 30 маркази тарбияти ҳофизони Қуръон ва тақвияти барномаҳои омӯзишии Қуръон аз роҳи дӯр дар Миср хабар дод.

Ба гузориши Ал- Мамсира Ал-Явм, Муҳаммад Иззат, дабири кулли шӯрои олии умури исломии вазорати авқофи Миср тайи суханоне дар ифтитоҳияи понздаҳумин нишасти фарҳангии аиммаи ҷамоати Миср дар Искандария зимни баёни ин хабар гуфт: вазорати авқоф барномаҳои густурдае барои тавсеаи фаъолитҳои қуръонӣ ба вижа тавсеаи марокизи омӯзиши тиловат ва ҳифзи Қуръони Карим, марокизи омӯзишии ибтиҳолот ва адъия ва ҳамчунин тавсеаи мусобиқоти қуръонӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дар дасти иқдом дорад.

Вай аз ифтитоҳи беш аз 30 маркази тарбияти ҳофизони Қуръони Карим дар саросари Миср, роҳандозӣ ва густариши барномаҳои ҳифзи Қуръон аз роҳи дӯр, густариши барномаҳои омӯзиши Қуръон вижаи кӯдакон ва ҳамчунин баргузории нишастҳои омӯзишӣ ва динӣ хабар дод.

Ёдовар мешавад; Вазорати авқофи Миср дар солҳои ахир барномаҳои густурдаеро барои тавсеаи фаъолитҳои қуръонӣ дар ин кишвар иҷро кардааст. Тавсеаи марокизи омӯзиши тиловат ва ҳифзи Қуръони Карим ба вижа дар манотиқи дурафтодаи ин кишвар дар канори талоши густурда барои ислоҳ ва беҳбуди вазъияти чоп ва тавзеъи Қуръони Карим аз муҳиммтарини ин иқдомот будааст.

https://iqna.ir/fa/news/4219299

captcha