Ба гузориши ТоҷикПресс, тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид ирсоли кумак ба навори Ғазза 67 дарсад коҳиш ёфтааст, манобеъи бемористон гузориш додаанд, ки як кӯдаки дигар дар Ғазза аз гуруснагӣ ҷон додааст.
Кӯдаки 13-солаи фаластинӣ Абдулқодир Ассарҳӣ рӯзи шанбе бар асари камғизоӣ ва бастани гузаргоҳҳои Рафаҳ тавассути Исроил дар маркази навори Ғазза аз гуруснагӣ даргузашт.
Ғазза
Бо шаҳодати ин кӯдаки фаластинӣ ва муҳосираи шадиде, ки режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза дар саросари ин минтақа иҷро кардааст, омори расмии қурбониёни камғизоӣ дар Ғазза ба 37 нафар расид. Албатта ин омор марбут аст ба қурбониёне, ки ба бемористон расидаанд ва манобеъ гузориш медиҳанд, ки теъдоди қурбониёни гурӯснагӣ дар Ғазза бисёр бештар аз ин омори зикр шуда мебошад.
Ҳамзамон, манобеъи хабарии фаластинӣ тасовиреро мунташир кардаанд, ки нишон медиҳад, ки миқдори бузурги кумакҳои ғизоӣ дар паси гузаргоҳи Рафаҳ боқӣ монда ва режими Исроил аз вуруди онҳо ба Ғазза ҷилавгирӣ мекунад.
Шаҳид шудани ин кӯдаки фаластинӣ бар асари гуруснагӣ танҳо як намунаи зулми ваҳшатнокест, ки ишғолгарон бар фарзандони Ғазза таҳмил кардаанд.
https://tajikpress.com/2024/06/02/