IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 22

Исрори Қуръон бар гуфтугӯ дар моҷарои Мубоҳила

21:14 - June 28, 2023
рақами хабар: 161
Пас аз моҷарои “Мубоҳила”, ки бо исрори масеҳиёни Наҷрон бар ҳаққонияти худ рух дод, оёте аз Қуръон нозил шуд, ки муҷаддадан даъват ба гуфтугӯ ва ҳампаймон шудан бар сари иштирокот мекунад ва рӯйкарди асилии Қуръон ба ҳифзи иртибот бо якдигарро ба равшанӣ нишон медиҳад.

Мубоҳила ба вазъияте гуфта мешавад, ки ду тараф муддаӣ ҳаққоният барои исботи ҳаққонияти худ, барои тарафи муқобил дархости лаън ва нафрини илоҳӣ мекунанд ва ҳарки дучори лаънати илоҳӣ шавад, ҳаққонияти дигаре собит мешавад.

Воқеаи Мубоҳила бо номаи Паёмбар(с) ба масеҳиёни Наҷрон ва даъвати онон ба Ислом шурӯъ шуд ва дар ниҳоят бо ақибнишастани Наҷрониён ва имон наовардан иддае аз онон поён ёфт. Ҳайате аз масеҳиёни Наҷрон, ки шомили беш аз даҳ нафар аз бузургони онон буд ба Мадина омаданд ва пас аз исрори ду тараф бар ҳаққонияти ақоиди худ, тасмим бар ин шуд, ки масъала аз роҳи Мубоҳила хотима ёбад. Ояти Мубоҳила ба ҳамин мавзӯъ ишора дорад:

فَمَنْ حَاجَّكَ فِيهِ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ تَعَالَوْا نَدْعُ أَبْنَاءَنَا وَأَبْنَاءَكُمْ وَنِسَاءَنَا وَنِسَاءَكُمْ وَأَنْفُسَنَا وَأَنْفُسَكُمْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَلْ لَعْنَتَ اللَّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ; “Пас ҳар, ки бо ту дар бораи ӯ [Исо] пас аз онки бар ту [ба воситаи ваҳй, нисбат ба аҳволи вай] илм ва огоҳӣ омад, муҷодила ва ситез кунад, бигӯ: биёед мо писаронамонро ва шумо писаронатонро, ва мо занонамонро ва шумо занонатонро, ва мо нуфусамонро ва шумо нуфусатонро даъват кунем; Сипас якдигарро нафрин намоем, пас лаънати Худоро бар дурӯғгӯён қарор диҳем” (Оли Имрон, 61).

Бомдоди рӯзи Мубоҳила, ҳазрати Расул(с) ба ҳамроҳи Аҳлу Байт(а) шомили духтараш ҳазрати Фотима(с), васияш ҳазрати Алӣ(а) ва наваҳояш имом Ҳасан(а) ва имом Ҳусайн(а) аз Мадина берун омад. Абуҳориса, аз сарони ҳайати эъзомии масеҳиён вақте мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳамроҳони ҳазрати Муҳаммад(с) кист, гуфт: ба Худо савганд чунон нишастааст, ки Пайғамбарон барои Мубоҳила менишастанд, ва сипас баргашт ва нидо дод: агар Муҳаммад бар ҳақ набуд бо азизтарин афродаш намеомад ва агар бо мо мубоҳала кунад пеш аз онки сол бар мо бигузарад, як насронӣ бар рӯи замин нахоҳад монд.

Қуръон; Қаҳр бо мухолифон ё гуфтугӯ?

Расули Расулипур, устоди донишгоҳи Хоразмӣ дар таҳлили рӯйкарди Қуръон ба ин мавзӯъ, бо ишора ба оёти баъдии сураи Оли Имрон, нишон медиҳад, ки мувоҷеҳаи сахти Мубоҳила, асосан рӯйкарди аслии Қуръон нест, балки тафҳими ду тараф аст барои ҳидоят ёфтан, масири аслӣ аст, ки Қуръон тарсим мекунад.

Ӯ мегӯяд: баъд аз Мубоҳила, вақте масеҳиёни Наҷрон ба Мубоҳила тан надоданд, ин оят قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْا إِلَى كَلِمَةٍ سَوَاءٍ بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلَّا نَعْبُدَ إِلَّا اللَّهَ وَلَا نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلَا يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ; “Биёед ба сӯи сухане, ки миёни мо ва шумо яксон аст [ва ҳамаи китобҳои осмонӣ ва Паёмбарон онро иблоғ карданд], ки ҷузи Худои ягонаро напарстем, ва чизеро шарики Ӯ қарор надаҳем, ва баъзе аз мо баъзеро арбобони ба ҷои Худо нагирад” (Оли Имрон, 64) нозил шуд ва Паёмбар(с) мегӯяд ҳоло, ки намехоҳед Мубоҳила кунем, биёед дар робита бо муштаракотамон бо ҳам як тавофуқе бикунем.

Ин оят нишон медиҳад Қуръон баъд аз Мубоҳила як мавзеъи дигаре пайдо кардааст. Мубоҳила дар замони худаш рух надод, вале Қуръон дигар нагуфт ҳар вақт омода шудед, биёед Мубоҳила кунем, балки мавзеъи Қуръон тағйир мекунад ва мегӯяд биёед дар бораи муштаракот бо ҳам сӯҳбат кунем. Истинботи ман ин аст, ки дар мутуни муқаддас чӣ дар аҳди ҷадид ва чӣ дар аҳди қадим заминаи гуфтугӯ фароҳам аст, инсонҳо шикоятҳояшонро ба Анбиё мегӯяанд ва саволоти худро аз онҳо мепурсанд.

Нуктаи дигар инки дар мутуни муқаддас ва дар Қуръони Карим мавориди зиёде мебинем, ки Паёмбар(с)-ро такфир мекунанд ва ба эшон тавҳин мекунанд, вале эшон ба гуфтугӯ ва иртиботи худаш идома медиҳад. Хусусан агар гуфтугӯро ба маънои баробарӣ дар назар бигирем ва дар табодули маърифатӣ мунҳасираш накунем ва ба маънои иртибот бигирем, асосан мутуни муқаддас омаданд иртибот эҷод кунанд. Ҳадафи аслии мутуни муқаддас иртибот барои оштӣ аст яъне омаданд бо инсонҳои саргардон эҷоди оштӣ кунанд ва ба онҳо бигӯянд роҳе ҳаст, худое ҳаст, муроқибе ҳаст ва ноумед нашавед. Заминаи умедворӣ ҳамсухании Анбиё бо мардум аст хусусан вақте Қуръон аз хитоби “یا ایها الناس” истифода мекунад, ки хеле умедворкунандааст.

Калидвожаҳо: Ояти Мубоҳила, мутуни муқаддас, заминаҳои гуфтугӯ, оштӣ дар Ислом, истиноди қуръонӣ.

captcha