Ҳаҷ ибодати воҷиб ва аз фурӯъи дини Ислом аст, ки дар моҳи зилҳаҷҷа, дар шаҳри Макка ва атрофи он анҷом мешавад. Ҳаҷ суннати ибдоъи Ислом нест; Балки бинобар ривоёт, бархе аз Паёмбарон пеш аз Ислом, тавофи Каъба анҷом додаанд. Ҳатто мушрикони Макка низ пеш аз Ислом ба Ҳаҷ ва тавофи Каъба мепардохтанд ва суннатҳои хосси худ ҳамчун тавофи урёнро доштанд, ки Ислом бархе аз онҳоро таъйид накард. Бархе адёни илоҳӣ ва ғайри илоҳӣ низ маносике ҳамчун Ҳаҷҷи мусулмонон доштаанд. Яҳудиён то замони бақои маъбади Сулаймон муваззаф ба ҳузур дар онҷо дар се иди муайян буданд.
Маросими Ҳаҷ бузургтарин гирдиҳамоии мусулмонон аст, ки гурӯҳҳое аз тамоми фирқаҳои исломӣ дар он ширкат мекунанд. Қуръон ҳаҷро аз шаоири илоҳӣ муаррифӣ намуда ва моҳҳои баргузории ҳаҷро муаян кардааст. Бар асоси ояти وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَى كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِنْ كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ (Ҳаҷ/27), ҳазрати Иброҳим (а) маъмур шуд ҳукми ҳаҷро ба мардум иблоғ кунад. Ҳаҷ ақсоме дорад, ки маъруфтарини он, Ҳаҷҷи Тамматтуъ ва барои мусулмононе аст, ки дар ғайри Макка ва атрофи он зиндагӣ мекунанд. Сафари Ҳаҷ, бо вуҷуди шароит, танҳо як бор бар ҳар мусулмон воҷиб мешавад. Ҳаҷ бо эҳромбастан оғоз мегардад ва бо ин амал, анҷоми маносики Ҳаҷ бар ҳоҷӣ воҷиб ва бархе корҳо бар вай ҳаром мегардад.
Дар Қуръон оёти бисёре дар бораи Ҳаҷ омада ва сурае ба номи сураи ҳаҷ вуҷуд дорад. Ҳамчунин беш аз нуҳ ҳазор ривоят дар бораи Ҳаҷ ва аҳком ва аъмоли он нақл шудааст, ки бинобар бархе аз онҳо, Ҳаҷ пас аз намоз, бартар аз тамоми ибодатҳо аст. Андешамандони мусулмон талош кардаанд илова бар аъмоли зоҳирӣ, фалсафаи Ҳаҷро табйин кунанд, ки расидан ба ҳақиқати тавҳид ва яктопарастӣ аз муҳиммтарини онҳо аст. Албатта Ҳаҷ, афзӯн бар бӯъди ибодӣ, абъоди дигаре низ дорад, ки дар навиштаҳои баъдӣ ба онҳо пардохта мешавад.