Ба гузориши манобеи хабарӣ, девони олии Арабистони Саудӣ бо судури баёнияе ҷумъа, аввали Зулҳиҷҷаи 1445 эълом ва таъйид кард, ки шанбе, дар ин кишвари Араби ҳошияи халиҷи Форс нӯҳуми Зулҳиҷҷа ва рӯзи Арафа ва фардои он яъне якшанбе, низ даҳуми Зулҳиҷҷа ва иди саиди Қурбон хоҳад буд.
Дорул-Ифтои Миср ҳам дар баёнияи худ эълом кард, ки бо истинод ба тасмими ахири девони олии Арабистон ҷумъа, аввали Зулҳиҷҷа ва иди саиди Қурбон якшанбе, хоҳад буд.
Муфтии кулли Урдун низ бо таъйиди ҷумъа, аввали Зулҳиҷҷаи 1445 шанбе ду ҳафтаи дигарро рӯзи Арафа ва фардои он рӯз, иди саиди Қурбон эълом кардааст.
Дар айни ҳол шайх Муҳаммад Ҳусайн, муфтии кулли Байтулмуқаддас ва сарзаминҳои Фаластин ҳам аввали Зулҳиҷҷа ҷумъа донист ва бар ҳамин асос низ, шанбе ва якшанбе, ба тартиб рӯзи Арафа ва иди саиди Қурбон эълом кардааст.
Дорул-Ифтои Тунис ҳам бо судури баёнияе, зимни таъкид бар истеҳлоли моҳи Зулҳиҷҷа, ҷумъаро аввали моҳ донист ва ёдовар шуд мутобиқи Арабистон ба таври расмӣ шанбе ва як шанбе ба тартиб рӯзи Арафа ва иди саиди Қурбон хоҳад буд.
Алҷазоир низ ба навбаи худ гузориш дод, ки вазорати умури динӣ ва авқофи ин кишвар бо судури баёнияе, ҷумъаро оғози моҳи Зулҳиҷҷаи 1445 донист ва шанбеи оянда рӯзи Арафа ва якшанбе иди саиди Қурбон хоҳад буд.
Дорул-Ифтои Либия ин кишвари Араби воқеъ дар шимоли Африқо ҳам бо эъломи ҷумъа, аввали моҳи Зулҳиҷҷа, шанбе ва якшанбеи ояндаро ба тартиб рӯзи Арафа ва иди саиди Қурбон эълом кардааст.
Хабаргузории расмии Ироқ низ дар пойгоҳи интернитии худ навишт, ки девони авқофи аҳли суннати Ироқ бо судури баёнияе, ҷумъаро нахустин рӯзи моҳи Зулҳиҷҷаи 1445 ва якшанбе, низ иди саиди Қурбон эълом кардааст.
Шабакаи телевизионии «Курдистон ТВ» низ аз вазорати авқоф ва умури динии иқлими Курдситон нақл кард, ки дар ин иқлим воқеъ дар шимоли Ироқ низ якшанбе, иди саиди Қурбон хоҳад буд.
Душанбе; Иди Қурбон дар Эрон ва чанд кишвари дигар
Маркази байналмилалии нуҷуми мустақар дар Абудабӣ эълом кард: иди Қурбон дар кишварҳои Индонезия, Малайзия, султоннишини Бруней, Ҳинд ва султоннишини Уммон душанберо иди саиди Қурбон.
Дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон низ душанбе, иди Қурбон эълом шудааст.
Вазорати авқоф ва умури исломии Марокаш ҳам эълом кард: оғози моҳи Зулҳиҷҷа шанбе, 8 июн 2024 ва иди Қурбон рӯзи душанбе 17 июн 2024 хоҳад буд.
Дар Мавритания, кумитаи ҳилоли миллӣ эълом кард: шанбе аввали Зулҳиҷҷаи 1445 ва иди Қурбон душанбе 10 Зулҳиҷҷаи 1445 мутобиқ бо 17 июн 2024 хоҳад буд.
Аз сӯи дигар, хабаргузории расмии Уммон дар пойгоҳи интернитии худ навишт, ки кумитаи аслии ташхиси ҳилоли моҳҳои ҳиҷрии қамарӣ бо судури баёнияе, эълом кард, ки ба далели адами исботи рӯъяти ҳилол, дар ин кишвари Арабии ҳошияи халиҷи Форс ҷумъа, охирин рӯзи Зилқаъда ва шанбе, аввали моҳи Зулҳиҷҷа ва душанбе, низ иди саиди Қурбон хоҳад буд.
Бангладеш сешанберо иди Қурбон эълом кард
Бангладеш низ эълом кард: рӯъяти ҳилоли ҷумъа 7 июн 2024 ба далели ҳавои комилан абрӣ таъйид нашуда ва барҳамин асос якшанбе, аввали Зулҳиҷҷа ва сешанбе, 18 июн, аввалин рӯзи иди Қурбон аст.
Дафтари Оятуллоҳ Сайи Алии Систонӣ, марҷаъи олиқадри шиъаён дар Ироқ ҳам бо интишори баёнияе дар Наҷафи Ашраф эълом кард: шанбе 1403 аввали Зулҳиҷҷаи 1445 будааст. Бар асоси ин баёния, иди Қурбон хоҳад буд.
Бар ин асос, кишварҳои исломӣ имсол иди Қурбонро дар се рӯзи мухталиф ҷашн хоҳанд гирифт.