Ба гузориши манобеи хабарӣ, масҷиди Усратул-Ислом, ки дар минтақаи Ҷизаи Қоҳира воқеъ шудааст ба ҳамроҳи калисои Усқуфи Шабоннек, ки дар рӯбарӯи ин масҷид қарор дорад, ҷумъаи ин ҳафта, 14 июн маросими дуои ниёиши муштаракиро бо ҳадафи дуо барои барқарории сулҳ баргузор хоҳанд кард. Ин маросим аз соати 18 то 21 баргузор хоҳад шуд.
Қарор аст шумори зиёде аз шахсиятҳои мазҳабӣ ва мардумӣ аз миёни масеҳиёни Миср дар ин маросим ҳузур ёбанд. Падар Домадиос, роҳиб ва кашиши кулли Қоҳира риёсати маросими ниёиш дар калисоро бар уҳда хоҳад дошт.
Падар Домадиос тасреҳ кард: ин рӯз бо намози ғоиб ва фарохоне барои муттаҳид шудани ҷаҳон, натанҳо дар Ғазза, балки дар ҳар маконе аз ҷаҳон алайҳи хушунат ва фирқагароӣ оғоз мешавад. Мо ҳадафе ҷуз ин надорем, ки ба рисолати илоҳии худ амал кунем ва офарида шудаем то ҷаҳонро обод созем.
Вай тасреҳ кард: дастони худро ба сӯи Худо баланд мекунем, дар масҷид ва калисо намоз мехонем ва барои поён додан ба ҷанг ва терроризм, ноқуси калисоро ба садо дар меоварем ва аз масҷид низ бонги азон бархоҳад хост.
Масеҳиёни Миср аз ибтидои оғози ҷанг дар Навори Ғазза ва ҳамалоти режими саҳюнистӣ борҳо хоҳони таваққуфи ҷанг ва барқарории оташбас шудаанд.
https://iqna.ir/00Hi8M