Ба гузориши манобеи хабарӣ, Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамбстагии худро бо мусулмононе, ки ба далели даргирӣ ва хушунат натавонистанд иди Қурбонро дар канори азизонашон ҷашн бигиранд, иброз кард.
Вай ин эъломи ҳамбстагиро дар паёме, ки ба муносибати иди Қурбон дар ҳисоби корбарии худ дар платформи Х мунташир кард, изҳор дошт.
Гутерриш дар паёми худ навиштааст: дар ин иди Қурбон, ман ҳамбстагии худро бо ҳамаи мусулмононе, ки ба далели даргирӣ, хушунат ва ихтилофот наметавонанд бо азизони худ ҷашн бигиранд, иброз мекунам.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар рӯзи иди Қурбон барои ҷавомеъи мусулмони саросари ҷаҳон орзӯи сулҳ кард.
Вай афзуд: умедворем арзишҳои ҳамбстагӣ ва меҳрубоние, ки дар ин муносибат баён мекунем, моро ба самти таҳаққуқи сулҳи ҷаҳонӣ раҳнамун кунад.