Ба гузориши манобеи хабарӣ, Асома Мадхалӣ, мудири шӯъбаи Мадинаи вазорати умури исломии Арабистони Саудӣ эълом кард, ки омодагӣ барои хидматрасонӣ ба зоирони дар ҳоли хурӯҷ, ба вижа онҳое, ки вориди Мадина мешаванд ва аз тариқи фурудгоҳҳои ин шаҳр, Арабистонро тарк мекунанд идома дорад.
Вай таъкид кард: ҳамоҳангӣ бо муҷтамеъи Малик Фаҳд барои чопи Қуръони Карим дар Мадина мӯҷиби тахсиси беш аз 900 ҳазор ҷилд Қуръон ба ин минтақа шудааст. Ин нусхаҳо захира ва дар маконҳое дар фурудгоҳи байналмилалии Муҳаммад ибни Абдулазиз дар Мадина ва фурудгоҳи минтақаи шоҳзода Абдулмуҳсин ибни Абдулазиз дар Янбаъ тавзеъ ва солунҳои азимат дар ҳар ду фурудгоҳ барои кумак ба зоирон омода шудааст.
Ин вазоратхона ҳамчунин муқаддамоти пазироӣ аз аввалин гурӯҳ аз ҳуҷҷоҷе, ки пас аз анҷоми маносики Ҳаҷ ин кишварро тарк мекунанд омода кардааст. Шӯъбаи ин вазоратхона дар Мадина, масоҷиди Ал-Хандақ, Сайидушшуҳадо ва Қиблатайнро омода кардааст. Ин амр шомили низофти комил, таъмир ва нигаҳдорӣ, роҳандозӣ таҳвияи матбӯъ, кулерҳои обӣ ва мудирияти муассири ҷамъият аст.
Ин вазоратхона илова бар тавзеъи китобчаҳои роҳнамо ва иттилоърасонӣ барои зоироне, ки аз масоҷиди бузург боздид мекунанд, тавзеъи нусхаҳое аз Қуръонро, ки ҳадияе аз сӯи мақомоти Арабистони Саудӣ аст барои зоирони дар ҳоли хурӯҷ дар назар гирифтааст.