Ба гузориши Сабақ, идораи кулли расидагӣ ба умӯри ҳарамайни шарифайн аз баргузарии давраи тобистонии омӯзиши Қуръони Карим дар Масҷидуннабӣ хабар дод.
Ин давраи тобистонии омӯзиши Қуръони Карим ва мутуни динӣ ки вижаи занон ва мардонаст, дар панҷ бахши омӯзиши таловат, ҳифз, муроҷиа, иҷозаи ҳифз ва маълулон баргузор мешавад.
Ба гуфтаи масъӯли идораи кулли расидагӣ ба умӯри ҳарамайни шарифайн, шуъбаи Масҷидуннабӣ, ин тарҳ аз 25 Зулҳиҷҷа оғоз ва то 19 моҳи муҳаррамулҳаром дар ду навбати субҳгоҳӣ, баъд аз намози субҳ то ҳашт ва ними субҳ ва баъд аз зуҳр пас аз намози аср то ибтидои намози мағриб баргузор мешавад.
Сабти ном дар ин давра аз 17 Зулҳиҷҷа ва аз тариқи сомонаи омӯзишии идораи кулли расидагӣ ба умӯри ҳарамайни шарифайн анҷом хоҳад шуд.
Равнақи фаъолияти давраҳои мухталифи қуръонӣ дар Масҷидуннабӣ ва Масҷидулҳаром дар канори афзоиши фаъолияти ҳалқаҳои маҷозии омӯзиши ҳифз ва таловати Қуръони Карим ба вижа давраҳои омӯзиши Қуръони Карим аз роҳи дур яке аз муҳимтарин таҳаввулоте буда, ки дар солҳои ахир дар заминаи фаъолиятҳои қуръонӣ дар ҳарамайни шарифайн сӯрат гирифтааст .