IQNA

Эҳдои 60 ҳазор нусхаи Қуръон ба ҳоҷиёни ироқӣ

10:25 - June 23, 2024
рақами хабар: 1707
ИКНА - Вазорати умӯри исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ аз эҳдои 60 ҳазор нусхаи Қуръони Карим ба ҳоҷиёни ироқӣ хабар дод.

Ба гузориши Сабақ, вазорати умӯри исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ аз эҳдои 60 ҳазор нусхаи Қуръони Карим ба ҳоҷиёни ироқӣ хабар дод.

Ин нусхаҳои Қуръони Карим, ки аз интишороти маҷмаъи Малик Фаҳд вижаи чоп ва интишори Қуръони Карим аст ба ҳоҷиёни ироқӣ эҳдо мешавад, ки аз тариқи гузаргоҳи марзии воқеъ дар шимоли Арабистони Саудӣ, ин кишварро тарк мекунанд.

Зоирони ироқӣ бо ишора ба талошҳои сӯрат гирифта дар хизмат ба Қуръони Карим ва зоирони Байтуллоҳилҳаром аз ин иқдоми вазорати умӯри исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ қадрдонӣ карданд.

Вазорати умӯри исломии Арабистони Саудӣ пештар эълом карда буд, ки омодагӣ барои хизмат расонӣ ба зоирон дар ҳоли хурӯҷ, ба вижа онҳое ки вориди Мадина мешаванд ва аз тариқи фурудгоҳҳои ин шаҳр, Арабистонро тарк мекунанд идома дорад.

Ба гуфтаи ин вазорат ҳамоҳангӣ бо маҷмаъи Малики Фаҳд барои чопи Қуръони Карим дар Мадина мӯҷиби тахсиси беш аз 900 ҳазор ҷилд Қуръон ба ин минтақа шудааст. Ин нусхаҳо захира ва дар маконҳое дар фурудгоҳи байналмилалии Муҳамад бин Абдулазиз дар Мадина ва фурудгоҳи минтақаи шоҳзода Абдулмуҳсин бин Абдулазиз дар Янбаъ тавзеъ ва салонҳои азимат дар ҳар ду фурудгоҳ барои кумак ба зоирон омода шуда ва ба зоироне, ки Арабистонро тарк мекунанд, эҳдо мешавад.

https://iqna.ir/00HiUt

captcha