Ба гузориши ИКНА, 25 Зулҳиҷҷа баробар бо имрӯз, мусодиф аст бо рӯзи «такрими хонавода», ки дар ин рӯз ояти «Ҳалато» дар сураи муборакаи «Даҳр» (Инсон) дар шаъни имом Алӣ, ҳазрати Заҳро, имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (Алайҳимуссалом) нозил шуд ва намоде аз таваҷҷуҳ ба хонавода ва истеҳкоми пояҳои он дар омӯзаҳои динии мусулмонон аст.
Ҷабраили Амин ин сураро, ки дар шаъни фидокории Ҳазрати Алӣ (а) ва ҳамсараш Фотимаи Заҳро (с) ва фарзандонаш Ҳасан ва Ҳусайн (Алиҳимуссалом) нозил шуд, бар Паёмбари Акрам (с) қироат кард: هَلْ أَتَى عَلَى الْإِنْسَانِ حِينٌ مِنَ الدَّهْرِ لَمْ يَكُنْ شَيْئًا مَذْكُورًا: Оё замони тӯлонӣ бар инсон гузашт, ки чизи қобили зикре набуд (1) إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ مِنْ نُطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا: Мо инсонро аз нутфаи мухталите офаридем ва ӯро меозмоем бадин ҷиҳат ӯро шунаво ва бино қарор додем (2). Бино ба ривояте дар он рӯз барои Аҳли байти фидокори Паёмбар (с), ки се рӯзи пай дар пай ифтории худро ба фуқаро бахшиданд, ғизое аз осмон фуруд омад ва онро то ҳафт рӯз тановул карданд.
Бадин гуна, Худованди Субҳон аз исор ва аз худ гузаштагии ҳазрати Алӣ (а) ва хонаводаи беназираш тақдир кард ва қалби Паёмбар (с)-ро тасаллӣ бахшид.
Аз соли 1386, ин рӯз тавассути Шӯрои олии фарҳанги умумӣ, ба унвони як муносибати расмӣ дар тақвими расмии кишвари Эрон қарор гирифт то ҷойгоҳи арзишманди ниҳоди хонавода беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Ба ҳамин муносибат тарҷумаи ёддоште бо унвони «Аҳдофи ташкили хонавода дар Қуръони Карим» навиштаи Фотима Ҳофиз, Қуръонпажӯҳ ва муаррихи исломӣ, дорои докторои Адабиёт аз гурӯҳи таърихи донишгоҳи Қоҳира, ки дар пойгоҳи иттилоърасонии Ислом онлойн мунташир шудааст, тақдим мешавад:
Қуръони Карим ба хонаводаи эҳтимоми вижае дорад ва дар теъдоде аз оёти ин китоби осмонӣ ба аҳамияти хонавода ишороте шудааст. Аз ҷумла ояти 21 сураи муборакаи Рум, ки Худованди Мутаол мефармояд: وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً: Ва аз нишонҳҳои Ӯ инки аз [навъи] худатон ҳамсароне барои шумо офарид то бадонҳо ором гирад ва миёнатон дӯстӣ ва раҳмат ниҳод.»
Вожаи «Хонавода» дар Қуръони Карим наомадааст, аммо баҷои он аз истилоҳоти «Ол» ва «Аҳл» истифода шуда, ки баёнгари ҷамъи мард ва тоифаи ӯст, ва аз он фаҳмида мешавад, ки хонавода аз тариқи издивоҷи зан ва мард ва мутаваллид шудани фарзандон ташкил мешавад.
Хонавода дорои аҳдоф ва мақосиде аст, ки Қуръони Карим онҳоро барои таҳкими равобити хонаводагӣ зикр кардааст ва вожаҳои мутааддиде барои баёни ин аҳдоф истифода шудааст, ки аз ҷумла метавон ба «ҳифзи насл» ва «ҳифзи насаб» ишора кард.
Дастабандии аҳдофи ташкили хонавода дар Қуръон
Тафовут дар дастабандӣ мӯҷиби танаввӯъи бисёре дар аҳдоф баён шуда аз сӯи уламо шудааст. Бархе аз онҳо 20 ҳадафро барои ин манзур зикр кардаанд, бархе дигар қоил ба аҳдофи куллӣ дар Қуръон ва дастаи севум аҳдофи қонунгузориро дар ин бора баён мекунанд. Аммо метавон ин аҳдофро бо идғоми аҳдофи мушобеҳ дар панҷ дастаи зер хулоса кард:
Аввал: ҳифзи навъи башар, дувум: иффат ва покдоманӣ, севум: оромиш, чаҳорум: раҳм ва шафақат, панҷум: инсиҷоми иҷтимоӣ