Ба гузориши ТоҷикПресс, Тайи як ҳафтаи гузашта, раисҷумҳури Туркия ду бор аз ин мавзӯъ суҳбат карда, ки Башшор Асадро ба Анқара даъват мекунад.
Раҷаб тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва раҳбари Ҳизби адолат ва тавсеа, ба унвони сиёсатмадоре, ки дар шаклгирии буҳрони Сурия ва печидатар шудани он нақши ҷиддӣ дошта, ҳоло дар ақибгарди ошкоре, мехоҳад робита бо Димишқро азсар гирад. Аммо ин кор чандон осон нест. Махсусан дар шароите ки ӯ, шахсан ба иштибоҳоти бузурге изъон накарда, аммо чапу рост дар ҳамаи расонаҳо ва матбуоти Анқара ва Истанбул, ба ин мавзӯъ ишора мешавад, ки хатоҳои Эрдуғон ва тими ӯ дар Сурия, ғайриқиболи инкор мебоашд.
Ба ҳамин далел таҳлилгарони Туркияи парвандаҳои чанд соли ахирро пеш мекашанд ва хатоҳову иштибоҳоти бузурги Эрдуғон дар Сурияро бар мешуморанд.
Туркия-Сурия
Се таҳлилгари сиёсии машҳур дар Туркия, ба иштибоҳоти сиёсати хориҷии Эрдуғон дар Сурия пардохтанд ва ба мавзуъҳое ишора карданд, ки ҳар кадом аз онҳо нишона ва намоде аз як хатои стратегӣ дар таърихи 22 солаи Ҳизби адолат ва тавсеа мебошад.
Бо ҳам бахше аз изҳороти се таҳлилгари Туркия дар бораи Сурияро мурур мекунем:
Ҷомарт: Муҳосиботи мо ғалат буд
Юсуф Зиё аз таҳлилгарони Туркия менависад: “бояд қабл аз ҳар чиз ба ин суол фикр кунем: Оё тасмимоти сиёсии ғалату нодурусти мо таъсире бар вайронии Сурия дорад? Яке аз иштибоҳоти мо ин буд, ки дар ҷараёни Баҳори арабӣ, фарзро бар сарнагунии давлати Сурия гузоштем. Ҷамъбандии тими Эрдуғон ин буд: Мо дар Либиё дер ҷунбидем, шӯришгарон бо парчами Фаронса дар Бинғозӣ тазоҳурот карданд. Пас лозим аст дар Сурия коре бикунем”.
Ҷомарт дар идома навиштааст: “Агар ҳаводис ба самте ки мо мехостем пеш мерафт, оянда ба нафъ бо мо буд. Чаро ки режими баъс сарнагун мешуд ва режими ҷадид, комилан таҳти ҳимояти мо буд. Вале ин иттифоқ наафтод. Ҳар андоза мо ба сармоягузорӣ барои сарнагӯнии Асад ва ҳимоят аз гуруҳҳои мухолифи ӯ идома додем, боз ҳам натиҷа нагирифтем ва ҳатто ҳамин ҳоло, бархе аз он гуруҳҳои мухолиф дар Идлиб гирифтор шудаанд. Асад аз Эрон ва Русия дархости кумак кард ва аз қудрати худ муҳофизат кард. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3.5 миллион сурӣ дар Туркия ҳастанд. Мо як минтақаи амн дар наздикии марзи худ эҷод кардем то бахше аз суриҳо баргарданд. Аммо ин фақат як муҳавватаи кучак буд дар ҳадди 10 ҳазор километри мураббаъ. Бояд қабул кунем, ки сиёсати мо дар Сурия аз ҳар назар беасар гардонида шуд. Ҳадафи баландпарвозонаи мо сарнагунии Асад буд. Аммо ҳоло кӯтоҳ омадаем ва фақат ба ин иктифо мекунем, ки курдҳои шимоли Сурия таҳти амри PYD ва бо ҳимояти Амрико соҳиби як минтақаи худмухтор нашаванд. Ҳамин! акнун пас аз ин ҳама ҳаёҳӯ ва ин ҳама шиори тунду суханони қотеъона, мо ба дунболи роҳҳое барои дидор бо Башшор Асад ва бозгашт ба рӯзҳои гузаштаи худ дар интизори фурсат ҳастем. Ин қудратҳои хориҷӣ набуданд, ки моро ба ин нуқта расонданд. Ин сиёсати ғалати худи мо буд”.
Ак Юл: Ин гиреҳи кӯр аст
Тоҳо Ак Юл аз таҳлилгарони сиёсии муҳофизакори Туркия, дар бораи иштибоҳоти Эрдуғон дар Сурия навиштааст: “Замоне ки ҷанги дохилии Сурия дар авохири соли 2011 оғоз шуд, давлати муҳофизакори Анқара фикр мекард, ки Асад бояд зудтар сарнагун шавад то аз шаклгирии гузаргоҳи террор ҷилавгирӣ шавад ва дар айни ҳол, ним нигоҳе ба қудрати гуфтумонҳои Ихвонулмуслимин дар Қоҳира ва Димишқ дошт. Аммо дар ҳимоят аз ихвониҳо, он қадар тундравӣ кардем, ки иқдомоти мо, ҳатто арабҳоро низ ба ваҳшат андохту Туркияро ба инзиво ва танҳоӣ кашонад. Замоне ки Русия ба таври расмӣ ва ба шакли низомӣ дар сентябри 2015 дар канори Асад қарор гирифт, ҳама фаҳмиданд ки мувозина ба нафъи Асад тағйир кард. Аммо раисҷумҳур Эрдуғон, боз ҳам бар хатои худ пофишорӣ кард ва ҳатто дар суханронии 29 ноябри 2016, ошкоро эълом кард: Барои поён додан ба ҳукумати Асад вориди Сурия шудем”.
Эрдуғон-Асад
Тоҳо Ак Юл дар идома навиштааст: “Ҳама медонистанд ки давлати Сурия мондагор аст. Ҳатто Генерал Ҷозеф Вотел, фармондеҳи Ситоди марказии Амрико дар соли 2018 дар кумитаи неруҳои мусаллаҳи Сена, бидуни таоруф эълом кард, ки артиши Сурия дар ҷанги дохилӣ пирӯз шудааст. Аммо Эрдуғон боз ҳам идома доду замоне ки дар 27 феврали 2020, артиши расмии Сурия таҳти ҳимояти Русия ба гуруҳе аз неруҳои мусаллаҳи Туркия ҳамлаи ҳавоӣ кард ва 34 сарбози моро ба шаҳодат расонд, Анқара ҷуз эътирози лафзӣ, натавонист ҳеҷ амале анҷом диҳад. Ин ҳодисаи бузург нишонаи ин буд ки Русия дар сурати лузум чигуна амал хоҳад кард. Дар идомаи ҳамон масир дар соли 2023, Башшор Асад дубора дар Иттиҳодия араб пазируфта шуд. Ҳама медонем ки Иттиҳодияи араб ҳамеша бо сиёсати Туркия дар Сурия мухолиф будааст. Ҳамин ҳоло ҳам Туркия барои ин ки битавонад бо Сурия робитаи оддӣ барқарор кунад, бояд аз як дипломасии ҳӯшмандона баҳра бигирад. Чаро ки манофеи сиёсии Амрико ва Русия ва иштибоҳоти пешини Туркия, амалан як гиреҳи кӯр ба вуҷуд овардааст”.
Эҷактан: Акпартия аз шиори муҳоҷирин ва ансор даст кашид
Меҳмет Эҷактан яке дигар аз таҳлилгарони сиёсии Туркия, ба баррасии ин мавзуъ пардохта ки сӯи истифодаи ҳизби ҳокими ин кишвар аз мафоҳим ва шиорҳои динӣ, чи пайомадҳое ба бор овардааст.
Ӯ навиштааст: “Ҳизби адолат ва тавсеа дар соли 2002 бо рӯйкарди сиёсии мубтанӣ бар арзишҳои асосии инсонӣ монанди қонун, демократия ва озодӣ, оғоз ба кор кард. Агарчи бархе иддао мекарданд, ки ин як шиори дуруғин аст, аммо воқеан дар ҳамаи ҳавзаҳо, пешрафти фаровоне ба даст овард. Вале ҳама медонем, ки баъдан чи иттифоқе афтод. Ҳизби адолат ва тавсеа амалан ҳамаи ин арзишҳоро нодида гирифт ва бо бодҳои тунди популизм ба фазои мутафовите рафту суфуфи бахшҳои мазҳабӣ-муҳофиза корро маҳдуд кард ва фақат бар пирӯзӣ дар интихобот тамаркуз кард. Эрдуғон, замоне ки ниёз ба раъй дошт, аз уммати исломӣ, бародарони динӣ, ҳақталабии Ихвонулмуслимин ва муборизини майдони Робиаи Қоҳира ҳарф мезад. Ӯ дар моҷрои буҳрони Сурия низ, тавваҷуҳи исломгароёнро ҷалб кард ва фарёд баровард: Ин миллат дар даврони таърихи худ, ёвару ансори заифон будааст. Вақте ба мутолиаи таърихи қарнҳо бармегардем, мебинем ки гоҳе муҳоҷир шудем ва гоҳе ансор.
Асад
Эҷактан дар идома навиштааст: “Ҳоло ҳамон ҳизб, бо он шиорҳои исломӣ ва гуфтумони муҳоҷирину ансор, кораш ба ҷое расида, ки ба хотири широкат бо миллигароёни рости ифротӣ, аз намоди гурги хокистарӣ ва нажоди турк дам мезанад ва шиорҳои диниро канор ниҳодааст. Ин ҳизб, рӯзгоре аз демократия, қонун ва озодӣ ҳарф мезад. Сипас суроғи уммату муҳоҷирин ва мазлумон рафт ва ҳоло дар бораи иртиботи нажоди туркҳо бо устураи гурги хокистарӣ, шиор сар медиҳад! Балое ки дар шаҳри Қайсария бар сари паноҳҷуёни сурӣ омад, нишонаи ошкори дастшустани ҳизби ҳоким аз шиорҳову ормонҳои динӣ дар бораи Сурия ва минтақа аст”.
Гуфтанӣ аст дар баробари исрору иштиёқи Туркия барои оддисозии робита бо Сурия, мақомоти Димишқ эълом кардаанд, ки шарти аввал барои иртибот, ин аст ки ҳузури ишғолгаронаи низомиёни Туркия дар Сурия ба поён бирасад.
https://tajikpress.com/2024/07/13/