Ҳарсола миллиюнҳо мусулмон дар Арбаин ва Ошурои Ҳусайнӣ ба самти Карбалои Ҳусайнӣ озим мешаванд. Сирри ин маҳбубият чист?
Худованд дар замони пирӣ Иброҳим, Исмоилро ба ӯ ато кард ва ӯро фармон дод, ки ин кӯдак ва модарашро дар Маккаи искон диҳад. Иброҳим фармони илоҳиро итоат намуд ва сипас барои онон дуо кард. Қуръони Карим аз забони ҳазрати Иброҳим мефармояд: رَبَّنَا إِنِّي أَسْكَنْتُ مِنْ ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيْرِ ذِي زَرْعٍ عِنْدَ بَيْتِكَ الْمُحَرَّمِ رَبَّنَا لِيُقِيمُوا الصَّلَاةَ فَاجْعَلْ أَفْئِدَةً مِنَ النَّاسِ تَهْوِي إِلَيْهِمْ وَارْزُقْهُمْ مِنَ الثَّمَرَاتِ لَعَلَّهُمْ يَشْكُرُونَ (Иброҳим/ 37).
Дуои ҳазрат мустаҷоб шуд. Каъба дар минтақаи беоб ва алаф буд вале анвои неъматҳо ва самарот дар Каъба ҷамъ омад. Ин дуо дар бораи Аҳли байти Расули Худо (с), ки бақияи зуррияи Иброҳим ҳастанд низ мустаҷоб шуд. Акнун дилҳои мардум ба сӯи Аҳли байт (Алайҳимассалом) гароиш дорад ва ҳарсола мушоҳида мешавад, ки дар Арбаин ва Ошуро хайли муштоқон ба самти Карбалои Ҳусайнӣ озим ҳастанд.
Қуръони Карим дар ҷои дигаре мефармояд: وَلِلَّهِ الْعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِ وَلِلْمُؤْمِنِينَ وَلَٰكِنَّ الْمُنَافِقِينَ لَا يَعْلَمُونَ (Мунофиқун/ 8). Яъне иззат ва иқтидор махсуси Худо ва Паёмбараш ва муъминон аст. Мумкин аст касе қудрат ва шӯҳрат дошта бошад, вале азиз набошад. Мумкин аст касе раисҷумҳур ҳам бошад, вале мардум ӯро дӯст надошта бошанд. Кӯҳи Ҳимолой ҳам машҳур аст, вале касе онро дӯст надорад. Бинобар ин шӯҳрат ғайр аз маҳбубият аст, кадом раисҷумҳур, кадом шахсият, кадом қаҳрамон, кадом таърих, кадом афроди машҳури дунё баъд аз маргашон ҳазор ва дивист сол аз маргашон меравад, тоза мусофир миллиониӣ доранд?
Сирри ин ҳақиқат дар сураи ҳазрати Марям аст: إِنَّ الَّذینَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحاتِ سَیَجْعَلُ لَهُمُ الرَّحْمنُ وُدّاً (Марям/ 96). Қуръон мегӯяд касоне, ки аҳли имон ва амали солеҳ ҳастанд меҳраш дар дилҳо менишинад. Таъбири «سَیَجْعَلُ»: яъне дар оянда ҳам мардум ба ӯ ишқ меварзанд. Вақте авҷи имон ва амали солеҳ ҳамчун исор, шаҳомат, салобат, ибодат, басират, вафодорӣ ва ҷиҳоди дар роҳи Худо зуҳур мекунад, табиатан баъд аз Ошуро замоне меояд, ки Карбало сатр ба сатр ва қадам ба қадам оканда аз ошиқ ва дилдодаи Ҳусайнӣ мешавад. Достони талхи Карбало, ки ривояти бандагӣ ва дилдодагии имоми Ҳусайн (Алайҳиссалом) бо Худост, ҷаззобтарин ривояти таърих мешавад.