IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 28

Таслим дар баробари Ҳақ сабаби аз байн рафтани ихтилофот аст

16:23 - July 08, 2023
рақами хабар: 187
Адёни илоҳӣ ба рағми иштирок дар усули ақоид ва аҳкоми бунёдин, дорои бархе ихтилофот низ ҳастанд.

Таъбироти мухталифе аз ин ихтилофот матраҳ шудааст, ки гоҳе ҷонибдорона ва гоҳе мунсифона будааст. Аммо роҳи ҳалли асосӣ дар эҷоди ваҳдат ва якдилӣ дар миёни пайравони адён чист?

Теҳрон (ИКНА), адёни илоҳӣ ба рағми иштирок дар усули ақоид ва аҳкоми бунёдин, дорои бархе ихтилофот низ ҳастанд. Ин ихтилофот дар тӯли таърих боиси рафторҳое шуда, ки аз мухолифат ва лиҷоҷат то низоъро ба думбол доштааст.

Ин ихтилофҳо, ки ба навъе метавон онро рӯёрӯӣ бар сари ҳақиқат донист, ҳамвора бо шиддат ва заъфи мутафовит дар миёни ҷавомеъи ҳоким будааст. Аммо чигуна метавон чунин ихтилофотеро канор зад? Ояте дар Қуръон вуҷуд дорад, ки метавон бо таваҷҷӯҳ ба он ба роҳи ҳале наздик шуд ва дар сурате, ки маънои дақиқи он фаҳмида ва ба он амал шавад, ихтилофотро комилан бартараф кунад:

إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلَامُ وَمَا اخْتَلَفَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ إِلَّا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ وَمَنْ يَكْفُرْ بِآيَاتِ اللَّهِ فَإِنَّ اللَّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ; “Дар ҳақиқат дин назди Худо ҳамон Ислом аст ва касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда бо якдигар ба ихтилоф напардохтанд магар пас аз онки илм барои онон [ҳосил] омад он ҳам ба собиқаи ҳасаде, ки миёни онон вуҷуд дошт ва ҳар кас ба оёти Худо куфр варзад пас [бидонад], ки Худо ҳисобраси сареъ аст” (Оли Имрон, 19)

Маънои истилоҳии “Ислом чист?

Шояд маънои Ислом дар ин ояӣ возеҳ ба назар бирасад, аммо ҳақиқат ин аст, ки дар инҷо бояд бипурсем, ки вожа ва истилоҳи Ислом ба чӣ маъност?

Ислом дар истилоҳ ба чаҳор маъно бакор меравад:

  1. Ҳар касе, ки навъе ваҳйи илоҳиро мепазирад, ба омтарин маънои калимаи мусулмон аст, хоҳ яҳудӣ, масеҳӣ ё зартуштӣ бошад. Ба иборати дигар мусулмон дар маънои нахуст, инсонӣ аст, ки бо истифода аз ақл ва ихтиёри худ як шариати ваҳёниро бипазирад.
  2. Мусулмон ба маънои ҳамаи махлуқоти ҳастӣ аст, ки шариат ва қавонини илоҳиро мепазиранд, ба ин маъно, ки ин махлуқот тобеъи қавонини тахаллуфнопазиранд, ки дар истилоҳи қавонини табиат хонда мешаванд. Ҳамаи махлуқот тобеи ҳикмат ва иродаи илоҳӣ ҳастанд чун ҳамаи ҷаҳон махлуқи Худованд аст ва ҳокимияти Худованд бар ҳамаи ҷаҳон тасаллут дорад, пас ҳеҷ махлуқе ҷуз таслим дар баробари он роҳе надорад, мисли санг ҳеҷ ихтиёре ҷуз афтодан надорад, зеро неруи ҷозиба яке аз ҷилваҳои иродаи илоҳӣ дар мартабаи олами модӣ аст.
  3. Мусулмон як маънои воло низ дорад, ки ин маъно дар бораи авлиё итлоқ мешавад. Инсон огоҳона ба вуҷуди худаш илм дорад. Авлиёи Худо касоне ҳастанд, ки лаҳза лаҳзаи зиндагияшон мутобиқ бо иродаи илоҳӣ, огоҳона ва фаъолонааст.
  4. Ба маънои хостар, Ислом охирин шариати илоҳӣ аст, ки дар ҳудуди чаҳордаҳ қарн пеш ба василаи Паёмбари Акрам (с) ба мардум иблоғ шуд.

Бо ин таобир равшан мешавад, ки Ислом воқеияти куллӣ аст, ки инсон ва олами муҳит бар ӯро шомил мешавад ва дар зоти мавҷудот наҳуфтааст ва иллати номгузории шариати хотам ба Ислом ин аст, ки дар ин дин банда таслими иродаи Худои Субҳон аст.

Паёмҳо:

Муҳсини Қироатӣ, дар тафсири Нур баъзе аз паёмҳои ин оятро ба шарҳи зер баён кардааст:

 1- Имон ба ягонагӣ, адолат, иззат ва ҳикмати Худованд (ки дар ояти қабл ишора шуда) заминаи таслим шудани инсон аст.

 2- Лозимаи таслим будан дар баробари Худованд, пазириши Ислом ба унвони охирин дини илоҳӣ аст. (Дар ҳақиқат дин назди Худо ҳамон Ислом аст)

 3- Таҷовуз аз марзҳои ҳақ, сабаби бурузи ихтилоф аст. (Касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда бо якдигар ба ихтилоф напардохтанд, магар ба хотири ҳасодат).

captcha