Ҳазрати Идрис (Алайҳиссалом) Паёмбари миёни асри ҳазрати Одам ва Нӯҳ (Алайҳимассалом) будааст. Ӯ 830 сол баъд аз ҳубути ҳазрати Одам ба дунё омад. Маҳалли таваллудаш дар кишвари Миср, шаҳри Маноф будааст. Номи Идрис ду бор дар Қуръон омадааст якбор дар ояти «وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِدْرِيسَ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَبِيًّا» (Марям/ 56) ва дигарӣ дар ояти ««وَإِسْمَاعِيلَ وَإِدْرِيسَ وَذَا الْكِفْلِ كُلٌّ مِنَ الصَّابِرِينَ» (Анбиё/ 85). «Идрис» вожаи арабӣ аст, ки аз дарс гирифта шуда ва ба маънои «дониши фаровон» аст. Иллати номгузории ишон ба Идрисро касрати дониш ва тамрин ва пушткори ӯ бар омӯзиш донистаанд. Ҳамчунин гуфта шудааст чун вай дар аҳкоми илоҳӣ ва одоби исломӣ бисёр мутолиа мекард Идрис номида шуд. Номи Идрис ба забони юнонӣ Тирмис ва ба забони ибрӣ «Хануъ» ва ба забони арабӣ «Ахнуъ» аст ва Худованд ӯро дар Қуръон «Идрис» номидааст. Гоҳе ӯро «مثلث النعيم» ва «مثلث الحكمة», яъне дорои неъмати шоҳӣ, ҳикмат ва набувват мехонданд.
Ҳамчунин ба ӯ «Ҳарис» ва «Авроии севум» лақаб додаанд.
Идрис афзӯн бар навиштани хат ва тадрис ва омӯхтани илм ба мардум, аввалин касе буд, ки ҷома дӯхт. мардум қабл аз он барои пӯшиши худ аз пӯсти ҳайвонот истифода мекрданд. Ҳамчунин вай одоби нақша кашӣ ва сохтумони созиро ба мардум омӯхт ва бо кумаки шогирдонаш, шаҳрҳои зиёдеро бино кард. Даврони Идрис замонае ба дӯр аз дониш ва фарҳанг буд. Ӯ аз ҷониби Худованди маъмури поягузории улум ва фунун ва таълими донишҳои мухталиф мешавад, чунонки мегӯянд ӯ нахустин касе буд, ки аз ҳаракати ситторагон ва аҷроми осмонӣ сухан ба миён овард ва пизишкиро бунёд ниҳод ҳамчунин аввалин касе буд, ки бо қалам навишт ва аввалин фарде буд, ки ҳикматро истихроҷ кард ва илми нуҷумро ёд дод. Ҷовид ва бо азамат мондани номи ҳазрати Идрис ба унвони мазҳари илм ва навоварӣ дар донишҳо ва инки аҳли қалам ӯро мӯҳтарам мешуморанд ва усули ҳар илмеро ба ӯ мунтаҳӣ медонанд, нишон медод, ки вай аз қадимитарин пешвоёни илм буда ва афкори башарро бо улуми мухталиф ва маорифи дақиқ ва истидлолӣ ошно кардааст.
Идрис пас аз даъвати мардум ба тавҳид ва Худопарастӣ, монанди дигар Анбиё, ба думболи ислоҳи ҷомеа ва аз байн бурдани мушкилоти мардум буда ва ҳамвора дар иҷтимоъ ҳузури фаъол дошта ва ононро ёрӣ ва роҳнамоӣ мекардааст. Барои намуна ҳангоме, ки Идрис дар Миср иқомат дошт, мардумро ба маъруф ва итоати Худованд ва дӯрӣ аз мункирот фаро мехвонд ва чун бар забонҳои мутааддид тасаллут дошт онҳоро дар масири даъват ба кор мебурд ва бо мардуми ҳар сарзамин бо забони худашон сухан мегуфт. Ҳамчунин ба онон сиёсат омӯхт ва барои ҳар уммат дар ҳар сарзамине одоби шоистаи ононро барподошт.
https://iqna.ir/en/news/3489218