Теҳрон (ИКНА), оёти Қуръон ғизоҳои ҳаром ва мамнуъро барои пайравони оини Ислом мушаххас кардааст. Аммо аз онҷо, ки мақсуди дини Ислом, осудагии инсонҳо ва ҷилавгирӣ аз сахтгириҳои бемаврид аст, матолибе дар Қуръон баён шудааст, ки дар канори мабоҳиси ҳалол ва ҳаром, бисёр қобили таваҷҷуҳ аст.
Яке аз ин матолиб ингуна аст, ки “Ҳамон Худованде, ки баъзе хӯрданиҳоро мамнуъ карда, бо раҳмати хоссаш дар мавориди зарурати иҷозаи истифода аз онро додааст.” аммо ин иҷоза маҳдуд ба шароити хоссе аст, ки мумкин аст афродро дучори осеб кунад.
Дар китоби “Тафсири Намуна”, баён шудааст, ки барои инки ин истисноҳо баҳона ва дастовезе барои зиёдаравӣ дар хӯрдани ғизоҳои ҳаром нашавад, ду шарт матраҳ шудааст. Аввал инки дар мавқеияти изтирорӣ, бо қасди лаззат бурдан анҷом нашавад ва дувум инки аз ҳадди зарурат хориҷ нашавад. Ба ин оят таваҷҷуҳ кунед:
إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةَ وَالدَّمَ وَلَحْمَ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ بِهِ لِغَيْرِ اللَّهِ فَمَنِ اضْطُرَّ غَيْرَ بَاغٍ وَلَا عَادٍ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ; “Худованд танҳо (гӯшти) мурдор ва хун ва гӯшти хук, ва ончи номи ғайри Худо ба ҳангоми зибҳи бар он гуфта шавад, ҳаром кардааст (вале) он кас, ки маҷбӯр шавад (дар мавқеъи зарурат барои ҳифзи ҷони худ аз он бихӯрад дар сурате, ки ситамгар ва мутаҷовиз набошад гуноҳе бар ӯ нест, Худованд бахшанда ва меҳрубон аст.” (Бақара, 173).
Шояд гумон шавад, ки мақсуди аслии ин оят, мамнуъ кардани бархе хӯрданиҳост, аммо ҷолиб аст бидонед, ки ин оят дар замони нузул, бисёре аз хӯрокиҳое, ки хӯрдани онҳо дар замони ҷоҳилият мамнуъ будааст, бидуни ишкол донистааст.
Чунонки дар тафсири Нур мехонем, бо таваҷҷуҳ ба инки хӯрданиҳои ҳаром, беш аз чаҳор маврид аст, ки дар ин оят матраҳ шуда, пас калимаи “إِنَّمَا” ба маънои ин нест, ки мамнуъияти хӯрданиҳо ба ҳамин маворид маҳдуд мешавад, балки дар муқобили таҳримҳои қабл аз Ислом аст. Чунонки дар ҷомеаи пеш аз зуҳури ҳазрати Муҳаммад(с), хӯрданиҳои бисёре мамнуъ талаққӣ мешуд, ки бо ин оят муҷоз шумурда шуд. Имоми Содиқ(а) низ барои таъкид бар мӯҳтавои ин оят фармуд: “Агар инсон амдан дар ҳоли изтирор аз хӯрданиҳои мамнуъ нахурад ва бимирад, кофир мурдааст”.
Нуктаи дигаре, ки аст, ин аст ки қоидаи изтирор (яъне тағйири қувоъид ба ҳангоми хатари ҷонӣ), ихтисос ба хӯрданиҳо надорад ва дар ҳар масъалае пеш ояд, қонунро камранг мекунад. Чунонки дар ҳангоми беморӣ ва дастури пизишк барои истироҳати бемор, инсон бояд намозро хобида бихонад.
Таҳримҳои илоҳӣ, танҳо ба ҷиҳати масоили тиббӣ ва беҳдоштӣ нест, мисли таҳрими гӯшти мурдор ва хун, балки гоҳе далели ҳурмат, масоили эътиқодӣ, фикрӣ ва тарбиятӣ аст. Назири таҳрими гӯшти ҳайвоне, ки номи ғайри Худо бар он бурда шуда, ки ба хотири нафйи ширк аст. Чунонки гоҳе мо аз ғизои шахсе дурӣ мекунем, ба хотири адами риояти беҳдошт тавассути ӯ, вале гоҳе дурии мо аз рӯи эътироз ба ӯст.
Паёмҳо:
Ҳуҷҷатулислом Қироатӣ дар тафсири Нур, паёмҳои зерро барои ин оят баён кардааст:
1- Ислом ба масъалаи ғизо ва тағзия, таваҷҷуҳи комил дошта ва борҳо дар мавриди ғизоҳои музир ва ҳаром ҳушдор додааст.
2- Таҳримҳо, танҳо ба дасти Худост на дигарон.
3- Таваҷҷуҳ ба Худованд ва бурдани номи Ӯ, дар зибҳи ҳайвонот лозим аст. То ҳеҷ кори мо хориҷ аз мадори тавҳид набошад ва бо мазоҳири ширк ва бутпарастӣ мубориза кунем.