IQNA

Суннати истидроҷ/ сунани илоҳӣ дар Қуръон 2

10:29 - August 26, 2024
рақами хабар: 2014
Истидроҷ (андак-андак), яке аз суннатҳои тағйирнаёбанда ва фарогири илоҳӣ аст, ки бар асари нофармонӣ ва исрори инсон бар гуноҳ, вай ба тадриҷ ба вартаи ҳалокат ва партгоҳ суқут кашонда мешавад.

Дар истилоҳи Қуръон, истидроҷ (андак-андак), яке аз суннатҳои тағйирнаёбанда ва фарогири илоҳӣ аст, ки бар асари нофармонӣ ва исрори инсон бар гуноҳ, вай ба тадриҷ ба вартаи ҳалокат ва партгоҳ суқут кашонда мешавад. Дар суннати истидроҷ, уқубати илоҳӣ домани гуруҳҳое ҳамчун такзибкунандагон ва кофиронро хоҳад гирифт. Бисёре аз умматҳое, ки бо паёмбарони худ мухолифат карданд дучори истидроҷ шуданд; истидроҷ бар хилофи бархе аз уқубатҳои илоҳӣ, ки якбора рух медиҳад ба шакли навъи тадриҷӣ анҷом меёбад. Баҳси истидроҷ дар ду оят аз Қуръон мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст:
1.     Ояти 182 сураи Аъроф:
وَ الَّذينَ كَذَّبُوا بِآياتِنا سَنَسْتَدْرِجُهُمْ مِنْ حَيْثُ لا يَعْلَمُونَ
Ва касоне, ки оятҳои Моро такзиб карданд, ба зудӣ аз ҷое, ки намедонанд, андак-андак ононро гирифтор хоҳем кард.
2.     Ояти 44 сураи Қалам:
فَذَرْني‏ وَ مَنْ يُكَذِّبُ بِهذَا الْحَديثِ سَنَسْتَدْرِجُهُمْ مِنْ حَيْثُ لا يَعْلَمُون
Пас, маро бо касе, ки ин сухан (=Қуръон)-ро такзиб мекунад, раҳо кун; ба зудӣ онҳоро аз ҷое, ки намедонанд, андак-андак гирифторашон мекунем.
Ин оятҳо, баён медоранд, ки чигуна инсон бо инкори оятҳои илоҳӣ ба доми истидроҷ меафтад ва андак-андак он чунон дар гуноҳу гумроҳӣ ғарқ мешавад, ки дигар умеде ба раҳоӣ ва наҷоташ нест.
Мафҳуми қуръонии истидроҷ баёнгари фурӯрафтани афрод ба сӯи мақсадашон ба тадриҷ ва пила-пила ё дар ҳам печида шудани зиндагӣ ва вуҷудашон дар асари ғифлат аз ёди Худованд аст. Ононе ки аз ҳидоятҳои таквинӣ ва ташриъии Худованд ва озмоишҳои гӯногӯни ӯ барои ҳидояташон асари мусбат намепазиранд, саранҷом ба куллӣ аз ҷониби Худо раҳо мегарданд ва ҳатто заминаҳо ва имконоти суқут ва таназзулашон низ муҳайё мешавад то ба фарҷоми бади худ наздик шуда, ногоҳ ба азоби Худованд дучор мегарданд.
Суннати истидроҷ дорои нишонаҳоест, ки тавваҷуҳ ба онҳо зарурӣ мебошад. Суннати истидроҷ дар сахтиҳо фаъол намешавад, балки дар фазои неъмат бар ҷомеаи дар ҳоли суқут фаъол мешавад. Худованд тибқи суннати истидроҷ ба золимон фурсат медиҳад то заминаи шадидтар шудани азоби ухравии худро фароҳам кунанд. Албатта доштани неъмат азоб нест балки лозимаи он шукр аст ва агар шукр сурат нагирад Худованд фардро ба ҳоли худ раҳо карда ва ба суннати истидроҷ азоб мекунад.
Нишонаи азоб бар пояи суннати истидроҷ он аст, ки шахс дар иқболи дунявӣ ба куллӣ аз Худо ғофил аст ва ба ҳеҷ рӯй коре ки нишони ҳузури маънавият ва худоӣ дар зиндагонии ӯст ба ҷо намеоварад пас агар дунё ба касе рӯ кунад ва ӯ зокир бошад ва он неъматҳоро дар роҳи ишқи илоҳӣ сарф кунад ин суннат истидроҷ нахоҳад буд.

captcha