IQNA

Қуръонпажӯҳи ироқӣ баррасӣ кард 

Рӯйкарди зебоишинохтӣ ва равоншинохтии дуо дар Қуръони Карим

18:44 - September 01, 2024
рақами хабар: 2043
ИКНА - Такрори калимаи Раб дар оёти Қуръон ба маънои умед ба раҳмати Парвардгор ва изҳори убудият аз ҷониби марбуб аст, зеро дар ин номи шариф хусусияте вуҷуд дорад, ки дар дигар асмои илоҳӣ ба ҳангоми дуо дида намешавад. 

Ба гузориши торнмои муассисаи Қуръони Карими вобаста ба остони Аббосӣ дар мақолае ба қалами Ҳусайн Фозил Ал-Ҳулв бо унвони «рӯйкарди зебоишинохтӣ ва равоншинохтии дуо дар Қуръони Карим; Ба унвони мисол калимаи Раб» ба баррасии дуо дар Қуръони Карим пардохтааст.

Дар ин мақола омадааст:

Шояд ончи, ки аксари пажӯҳишгарони ҳавзаи таърихи зуҳури адабиёт ва ҳунар ба он таваҷҷуҳ надоштаанд дуо ба унвони навъе адабиёт бошад. Дуо ҳамвора аввалавият дорад ва яке аз аввалин чизҳое аст, ки инсон бо он сухан мегӯяд.

Агар Қуръони Каримро аз ҳайси сохтор ва тартиби сураҳо мутолиа карда бошем, мулоҳиза мекунем, ки дуо ҷойгоҳи вижае дар нахустин сураи Қуръон яъне сураи Фотиҳа дорад ва агар ба ишораҳои таърихии мавҷуд дар он диққат кунем, дармеёбем, ки як нигоҳи бикрро сабт мекунад ва он ин аст, ки ҳазрати Одам (а) пас аз инки ӯ ва ҳамсараш аз меваи дарахти мамнуъа хӯрданд ва зиштиҳояшон падидор шуд, нахустин фарде аст, ки ба василаи дуо бо Худованд сухан гуфтааст. Он ду бо ин иборот ба даргоҳи Худованди Субҳон дуо карданд: «رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنْفُسَنَا وَإِنْ لَمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ»: Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳмат нёварӣ аз зиёндидагон хоҳем буд. (Аъроф/ 23)

Дар инҷо метавонем дар бораи таъсири равонии истифода аз дуо ва ҳамчунин бархе зебоишинохтиҳои ҳунарии дуо дар Қуръони Карим, ба унвони мисол калимаи «Раб» нукоте ироа диҳем. 

Аз онҷо, ки Раб дар бардорндаи тамоми асмои афъолии муқаддаси Худованд аст ва аз онҷо, ки ҳамаи афъоли Худованди Мутаол баргирифта аз тадбири Ӯст, лизо Раб мазҳари раҳмат, халқ, қудрат, тадбир ва ҳикмати Худованди Мутаол аст.

Аммо тибқи гуфтаи бархе уламо, ҳамаи ин маворид нишон медиҳад, ки дар Қуръони Карим дуо аз бандагони бидуни исми Раб оғоз нашудааст.

Худованди Мутаол мефрамояд: «رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذْنَا إِنْ نَسِينَا أَوْ أَخْطَأْنَا رَبَّنَا وَلَا تَحْمِلْ عَلَيْنَا إِصْرًا كَمَا حَمَلْتَهُ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِنَا رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلْنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِ وَاعْفُ عَنَّا وَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا أَنْتَ مَوْلَانَا فَانْصُرْنَا عَلَى الْقَوْمِ الْكَافِرِينَ»: Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун. Эй Парвардигори мо, онгуна, ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гирон ниҳодӣ, таклифи гирон бар мо манеҳ ва ончиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун. Гуноҳи мо бибахш ва моро биёмӯрз ва бар мо раҳмат овар. Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон. (Бақара/286)

Дар ин ояти шарифа ва дар ин дуои қуръонӣ чандин нуктаи балоғӣ вуҷуд дорад. Ин оят, охирин ояти сураи муборакаи Бақара аст; Сурае, ки муштамил бар аҳком ва қавонини шариат аст. Метавон ин нукоти балоғиро ҳусни хитоми ин сура унвон кард. Бинобар ин вақте ин сураи муборака ба дуо хатм шудааст, ба маънои манзилти азими он аст. 

Такрори калимаи Раб дар ин оят, ба маънои умед ба раҳмати Парвардгор ва изҳори убудийят аз ҷониби марбуб аст зеро дар ин номи шариф хусусияте вуҷуд дорад, ки дар дигар асмоъ ба ҳангоми дуо дида намешавад. Ҳамчунин пӯшида нест, ки омадани калимаи дуо ба шакли ҷамъ, ба маънои ваҳдат аст ва дар он маънои мубориза бо тафриқа ва ихтилоф вуҷуд дорад.

Такрори калимаи Раб дорои бӯъд ва таъсири равонӣ аст ва рӯҳияи дуо кунандаро фош месозад. Бинобар ин банда замоне, ки дар ҳолати талаб ва ниёз бошад, алфози дуо ва саноро ба сурати ғайри иродӣ такрор мекунад. Чунонки Худованди Мутаол ба нақл аз ҳазрати Иброҳим ва Исмоил (а) мефармояд: «رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّا إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ*رَبَّنَا وَاجْعَلْنَا مُسْلِمَيْنِ لَكَ»: Эй Парвардигори мо, аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доно ҳастӣ. Эй Парвардигори мо, моро фармонбардори хеш соз. (Бақара/127- 128)

Дар дуои қуръонии дигаре, ки бар забони ҳазрати Иброҳим (а) ҷорӣ шуда, калимаи Раб 7 бор такрор шудааст. Ҳазрати Иброҳим (а) дар ин ояти қуръонӣ мефармояд: «رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلَاةِ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاءِ*رَبَّنَا اغْفِرْلِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ يَوْمَ يَقُومُ الْحِسَابُ...»: Парвардигоро! маро барпо кунандаи намоз қарор деҳ, ва аз фарзандонам (низ чунин фармо), Парвардгоро! дуои маро бипазир. Парвардигоро! ман ва падар ва модарм ва ҳамаи муъминонро, дар он рӯз, ки ҳисоб барпо мешавад, биёмӯрз. (Иброҳим/40-41)

Такрори калимаи Раб дар ин оят баёнгари ҳолати қатъи робитаи он ҳазрат бо дигарон ва таваҷҷуҳи комил ба сӯи Худованди Мутаол аст. Зеро дар асмои дигари Худованд таваҷҷуҳ ва лутфи Парвардигор комилтар ва нофеътар аз исми Раб нест.

https://iqna.ir/fa/news/4233816

captcha