IQNA

Аъмоли Раби-ул-аввал ва осори раҳмати Худо

19:28 - September 04, 2024
рақами хабар: 2062
ИКНА - Баҳори моҳҳо аз фардо оғоз мешавад ва дар ин моҳ метавон бо иқомаи намозҳои махсус, рӯза ва зиёрати ҳазрати Расули Худо (с) ба файзи комил расид.

Ба гузориши ИКНА, имрӯз моҳи Сафар ба поён мерасад ва фардо аввалин рӯз аз баҳори моҳҳо, Раби-ул-аввал аст. Мирзоҷаводоқои Маликитабрезӣ дар китоби Ал-Муроқибот менависад: Ин моҳ ҳамонгуна, ки аз исми он пайдост баҳори моҳҳо аст, ба ҷиҳати инки осори раҳмати Худованд дар он ҳувайдо аст. Дар ин моҳ, захоири баракоти Худованд ва нурҳои зебоӣ Ӯ бар замин фуруд омадааст. Зеро мелоди Расули Худо Салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ин моҳ аст ва метавон иддао кард аз аввали офариниш, раҳмате монанди он бар замин фуруд наомадааст, зеро бартарии ин раҳмат бар соири раҳматҳои илоҳӣ монанди бартарии Расули Худо бар соири махлуқот аст». Ин моҳ ба далели муносибатҳои вижаи он моҳи шодӣ ва сурур ба вижа дар миёни шиъаён аст.

Барои баҳрамандӣ аз баракоти вижаи ин моҳ аъмоли мустаҳабӣ аз сӯи бузургон ва Аимма (а) зикр шудааст, ки амали ба онҳо мӯҷиби фузунии тавфиқи мо дар дарёфти фиузоти Раби-ул-аввал хоҳад шуд.

Аъмоли шаби аввали Раби-ул-аввал

Ин шаб ба номи «Лайлатул-мабит» музайян аст. Дар соли сездаҳуми Биъсат, дар чунин шабе Расули Худо (с) аз Макка ба қасди ҳиҷрат ба сӯи Мадина, аз шаҳр хориҷ ва дар «Ғори Савр» пинҳон шуд ва Амирамуъминин Алӣ (а) дар бистари Паёмбари Акрам (с) хобид то душманонро фиреб диҳад.

Ояти шарифаи وَ مِنَ النّاسِ مَنْ یَشْرِى نَفْسَهُ ابْتِغاءَ مَرْضاتِ اللّهِ وَ اللّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبادِ; Баъзе аз мардуми (боимон ва фидокор) ҷони худро дар баробари хушнудии Худо мефурӯшанд ва Худованд нисбат ба бандагон меҳрубон аст, дар ҳаққи он ҳазрат нозил шуд.

Рӯза гирифтан ба шукронаи саломатии Паёмбари Аъзам ва Амирамуъминин аз газанди куффор ва мушрикон дар аввали Раби-ул-аввал ва хондани зиёрати Паёмбар (Салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Алӣ (Алайҳиссалом) дар ин рӯз тавсия шудааст.

Намози рӯзи аввали Раби-ул-аввал

Мустаҳаб аст дар рӯзи аввали ҳар моҳи қамарӣ ду ракъат намоз хонда шавад, вақташ аз аввали субҳ то мағриб буда ва он ду ракъат аст. Дар ракъати аввал баъд аз Ҳамд 30 мартаба сураи Тавҳид дар ракъати дувум баъд аз Ҳамд 30 мартаба сураи Қадр бихонад ва баъд аз намоз ҳар миқдоре, ки метавонад садақа диҳад. Бо ин амал, саломатии он моҳро барои хеш харидааст.

Аъмоли рӯзи ҳаштум 

Дар рӯзи ҳаштуми Раби-ул-аввал, соли 206, шаҳодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) тибқи ривояте воқеъ шудааст ва аз ҳамон рӯз, имомати ҳазрати Соҳибиззамон, ҳуҷҷатибнил-Ҳасн (а) оғоз шуд. Дар ин рӯз шоистааст зиёрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) хонда шавад.

Аъмоли рӯзи даҳум 

Рӯзи даҳуми Раби-ул-аввал рӯзи издивоҷи Расули Худо (с) бо ҳазрати Хадиҷаи Кубро (с) аст ба ҳамин муносибат рӯзаи ин рӯз ба унвони шукргузорӣ мустаҳаб шумурда шудааст.

Аъмоли рӯзи давоздаҳум

Ин рӯз мутобиқи назари марҳум шайхи Кулайнӣ ва Масъудӣ ва ҳамчунин машоҳири миёни аҳли суннат, рӯзи вилодати бо саодати Набии Мукаррами Ислом (с) аст.

Аъмоли рӯзи чаҳордаҳум 

Дар соли 64 дар чунин рӯзе, Язид ибни Муъовия ба ҳалокат расид. Вай пас аз се сол ва нӯҳ моҳ хилофат, ки ҳамроҳ бо ҷиноёти азиме буд, ки муҳиммтарини он воқеаи Карбало ва шаҳодати Абоабдиллоҳи Ҳусайн (а) ва ёронаш аст дар синни сию ҳафт солагӣ дар минтақаи «Ҳурон» мурд ва ҷанозаашро дар Димишқ дафн карданд вале акнун асаре аз ӯ нест.

Аъмоли шаби ҳабдаҳум 

Тибқи ривоёти машҳури шиъа, шаби вилодати ҳазрати Хотамуланбиё, Расули Муаззами Ислом (с) аст ва шаби бисёр мубораке аст.

1- Ғусл ба нияти рӯзи ҳабдаҳуми Раби-ул-аввал.

2- Рӯза, ки барои он фазилати бисёре нақл шудааст, аз ҷумла дар ривояоте аз аиммаи Маъсумин (а) омадааст «касе, ки рӯзи ҳабдаҳи Раби-ул-аввалро рӯза бидорад, Худованд барои ӯ савоби рӯзаи яксолро муқаррар мефармояд» .(Иқбол, саҳ 603 )

3- Додани садақа, эҳсон кардан ва хушҳолӣ кардани муъминон ва ба зиёрати машоҳиди мушаррафа рафтан. (ҳамон мадрак)

4- Зиёрати Расули Худо (с) аз дӯр ва наздик дар ривояте аз он ҳазрат омадааст «Ҳар кас баъд аз вафоти ман, қабрамро зиёрат кунад монанди касе аст, ки ба ҳангоми ҳаётам ба сӯи ман ҳиҷрат карда бошад, агар наметавонед маро аз наздик зиёрат кунед, аз ҳамон роҳи дӯр ба сӯи ман салом бифиристед (, ки ба ман мерасад)» . (Ҳамон саҳ 604) 

5- Зиёрати Амирамуъминин, Алӣ (а) низ дар ин рӯз мустаҳаб аст.

6- Такрим, таъзим ва бузургдошти ин рӯз бисёр сифориш шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4234935

captcha