Равиши истидлоли имом Ризо (а) ба оёти Қуръон мутанаввеъ буд. Гоҳе имом Ризо (а) бо тафсири дақиқи оёти Қуръон, маонии зоҳирӣ ва ботинии онҳоро равшан мекарданд ва ба шубаҳоти ворида бар Қуръон посух медоданд. Гоҳе ишон бо татбиқи оёти Қуръон бар вақойеъи таърихӣ, ба исботи сидқи пешгуиҳои қуръонӣ мепрдохтанд.
Имом Ризо (а) дар партави маҳкамоти Қуръон, оёти муташобеҳи Қуръонро табйин ва ба бархе аз шубҳоти ворида бар Ислом посух медоданд. Албатта ишон дар гуфтугӯ бо соҳибони адёни илоҳӣ ба оёте, ки дар адёни дигар низ омадааст истинод мекарданд. Аз ҷумла ба ваҳдонияти мабдаъ ва ҳадафи адён бо истинод ба китобҳои муқаддаси адёни дигар ишора мекарданд.
Имом Ризо (а) бо истинод ба оёти Қуръон, ба исботи тавҳид ва ягонагии Худованд, нафйи ширк ва бутпарастӣ, баҳс дар бораи маод ва зиндагии пас аз марг, исботи нубуввати Паёмбарони илоҳӣ, ба вижа Паёмбари Ислом (с), ва мӯъҷизоти онҳо, имомат ва вилояти Аҳли байти Паёмбар (с) ва табйини аҳком ва қавонини исломӣ мепардохтанд ва ба шубаҳоти ворида дар ин заминаҳо посух медоданд.
Барои намуна як эрод дар мунозира бо Ҷосалиқи масеҳӣ ин буд, ки Паёмбари Ислом (с) наметавонад Паёмбар бошад; Зеро китоби осмонии ӯ ба забони ибрӣ нест. Ҳазрат бо истинод ба ояти шарифаи «وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ رَسُولٍ إِلَّا بِلِسَانِ قَوْمِهِ لِيُبَيِّنَ لَهُمْ» (Иброҳим: 4) таъкид карданд, Худованд Паёмбаронро бо забони қавмашон мабус мекунад то паёми илоҳӣ ба беҳтарин наҳв барои онҳо қобили фаҳм бошад. Аз онҷо ки арабҳо мухотаби аслии Паёмбар (с) буданд, бинобар ин, Қуръон ба забони арабӣ нозил шуд. Ин китоб мӯъҷизаи бузурге аст ва ҳатто агар ба забони арабӣ набошад, боз ҳам метавонад як китоби осмонӣ бошад. Аммо Худованд барои ин ки паёми худро ба беҳтарин наҳв ба арабҳо бирасонад, онро ба забони арабӣ нозил кардааст.