Забон аз неъматҳои бузурги Худост, ки ҳамчун дигар неъматҳои Худованд барои баҳрабардорӣ дар ҷиҳати рушд ва камол ба инсон арзонӣ шудааст. Инсони фарзона бо шиносоии мавқеиятҳои муносиб аз чунин неъмате ба дурустӣ истифода мекунад; Неъмате, ки пас аз «омӯзиши Қуръон» ва «офариниши инсон» болотарин лутфи Худованди Мутаол ба одам аст, чунонки фармуда «الرَّحْمن*عَلَّمَ الْقُرْآنَ*خَلَقَ الْإِنْسَانَ*عَلَّمَهُ الْبَيَانَ» (Ал-Раҳмон/1-4).
Забон монанди дигар аъзои бадани инсон агар аз қавонин ва аҳкоми илоҳӣ тахаллуф кунад, яке аз абзорҳои гуноҳ аст ва агар аз дастуроти шаръи муқаддас пайравӣ кунад, аз васоили итоати Худост. Бинобар ин муроқибат аз ин узв барои ҷилавгирӣ аз анҷоми гуноҳ монанди дигар аъзо ва ҷавориҳ аст, ва фарқи чандоне бо даст, по ва… надорад, танҳо ин тафовутро дорад, ки шояд бештари мардум, гуноҳи забонро чандон ҷиддӣ намегиранд, дар ҳоле, ки чӣ басо террори шахсияте, ки бо истифода аз забон сурат мегирад, барои тарафи муқобил ба маротиб озор диҳандатар аз осебҳои ҷисмӣ аст, ки бар дигар аъзо ва ҷавориҳи ӯ ворид мешавад.
Забон, ба унвони абзори қудратманд барои иртибот ва интиқоли мафоҳим, нақши меҳварӣ дар шаклдиҳии равобити иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ифо мекунад. Бо ин ҳол, ин абзори арзишманд, агар ба дурустӣ ба кор наравад, метавонад ба офат табдил шуда ва ба равобити иҷтимоӣ осеб бирасонад. Офоти забон, яъне истифодаи нодуруст аз забон, ба туруқи мухталиф метавонад ба ахлоқи иҷтимоӣ латма зада ва ҷомеаро ба сӯи нобасомонӣ савқ диҳад.
Забон, натанҳо василае барои интиқоли иттилоот аст, балки бозтобе аз афкор, эҳсосот ва ниятҳои дарунии инсон низ ҳаст. Калимот, метавонанд ҳам чун доруи шифобахш ё заҳри кушанда амал кунанд. Интихоби калимот, лаҳни садо ва шеваи баён, ҳама ва ҳама бар наҳваи дарки мухотаб аз паёми мо таъсиргузор аст. Истифодаи нодуруст аз забон метавонад ба эҷоди суъи тафоҳум, тафриқа, нафрат ва ҳатто хушунат мунҷар шавад.
Офоти забон, сирфан ба дурӯғ гуфтан маҳдуд намешавад. Балки тайфи густурдае аз рафторҳои забонии нодурустро шомил мешавад; Аз ҷумла: ғайбат, тӯҳмат, дурӯғ, суханчинӣ, тамасхур, тавҳин, таҳқир, таҳрик, ва.... ҳар як аз ин рафторҳо, ба наҳве ба бунёнҳои ахлоқии ҷомеа осеб мерасоанд ва равобит байни афродро тира ва тор мекунад.