IQNA

Ахлоқи фардӣ / офоти забон 2

Офати беҳудагӯӣ дар ахлоқи исломӣ

19:09 - September 15, 2024
рақами хабар: 2108
ИКНА - Мақсуд аз беҳудагӯӣ ба забон овардани сухане аст, ки фоидаи муҷоз ва машрӯъи дунёӣ ва охиратӣ, модӣ ё маънавӣ ва уқалоӣ ё шаръӣ надошта бошад. Беҳудагӯӣ ба шаҳвати калом низ таъбир шудааст.

Беҳудагӯӣ яке аз офоти забонӣ аст, ки дар ахлоқи исломӣ мавриди ишора қарор гирифтааст. Мақсуд аз беҳудагӯӣ ба забон овардани сухане аст, ки фоидаи муҷоз ва машрӯъи дунёӣ ва охиратӣ, модӣ ё маънавӣ ва уқалоӣ ё шаръӣ надошта бошад. Беҳудагӯӣ ба шаҳвати калом низ таъбир шудааст ва дар ахлоқи исломӣ барои он паёмадҳои ногуворе чун табоҳ шудани умр, ҳақорат дар иҷтимоъ, маҷбӯр шудан ба маъзаратхоҳӣ аз дигарон ба сабаби нофаҳмӣ ҳосил аз ин амал, заминасозӣ барои соири гуноҳони забонӣ ҳамчун дурӯғ, ғайбат, тӯҳмат ва ..., дӯрӣ аз раҳмати илоҳӣ, аз даст додани вақт барои пардохтан ба умури муфид, гумроҳӣ, нобудии хирад, қасовати қалб ва хастагии шунаванда ишора шудааст.

Беҳудагӯӣ густараи васиъе дорад. Аз сухан гуфтан дар бораи мавзӯъи бефоида ва задани ҳарфҳои изофӣ ва такрорӣ то ироаи сӯҳбатҳои нобаҷо, мисли пурсидани саволоти бефоида ё ироаи бароҳин ё теорияҳои душвор барои афроди ғайри таҳсилкардаро дар бар мегирад.

Аз назари ақлӣ беҳудагӯӣ амри ғайри машрӯъ аст чаро, ки умри инсон, ки аслитарин сармояи ӯ ба шумор меояд, аз ин тариқ талаф мешавад. Аҳодисе низ ин ҳукми ақлиро таъйид намудааст. Расули Худо дар ҳадиси тӯлонии Меъроҷ мефармояд, ки дидам дар дӯзах ҳафт дар буд, ки бар ҳар даре се ҷумла навишта шуда буд. Бар дар панҷум навишта буданд: «ولا تکثر منطقک فیما لا یعنیک فتسقط من رحمة الله» (Дар он чи беҳудааст бисёр сухан нагӯ, ки аз раҳмати Худо соқит мешавӣ.)

Олимони ахлоқ, далоили зиёдеро дар мавридӣ, гароиши инсон ба беҳудагӯӣ матраҳ кардаанд. Кунҷковии баҷо, вақтгузаронӣ бо дигарон, ҷалбкардани таваҷҷуҳи дигарон ба худ ва ҳатто алоқа ва самимияти фаровон бо дигаронро метавон ба унвони муҳимтарин авомиле ба шумор овард, ки инсонро савқ ба ироаи сӯҳбатҳои беҳуда мекунанд. Оре гоҳ шиддати алоқа ба дигарӣ, мӯҷиби пайдоиши майли фаровон ба сухангуфтан бо ӯ мешавад ва ҳамин амр метавонад инсонро ба беҳудагӯӣ ва пургӯӣ водорад.

Яке аз муҳимтарин роҳкорҳое, ки инсонро аз анҷоми ин амал метавонад бозбдорад тафаккур кардан дар мавриди арзиши умри инсон аст. Фарде, ки ба ин офот мубталост бояд бидонад, ки умри азизе, ки дар роҳи баёни ин сӯҳбатҳои беҳуда масраф мекунад, бар намегардад ва аз ин рӯ бисёре аз фурсатҳои зиндагиашро, ки дар ҷиҳати созандагии умри худ метавониста аз он баҳрабигирадро аз даст хоҳад дод.

https://iqna.ir/en/news/3489883

captcha