Худованди Мутаол ду вижагии мумтоз ва барҷастаро насиби мо инсонҳо кардааст, ки бо таваҷҷуҳ ба онҳо метавон фаротар аз ранг, нажод, сарзамин ва сармояи молӣ ба якдигар муттасил шуд; Инсон будан ва табаият аз дастуроти дини бузурги Ислом ва изҳори ягонагии Худованд ин дороиҳои бо арзиш ҳастанд.
Имрӯза уммати исломӣ бо мушкилоти бузурге мувоҷеҳ аст ва душманони Ислом бо иҷрои тарҳҳои мухталифи мазҳабӣ, забонӣ, қавмиятӣ ва ҳатто таърихӣ саъй доранд авомили муассир дар ваҳдатро аз байн бурда ва ё камранг кунанд.
Дар ин шароити ҳассос зарурат дорад, ки мусулмон илова бар шинохти нақшаҳои душманон бар далоиле, ки боиси эҷоди ҳамбстагӣ ва ваҳдат мешавад таъкид ва аз парокандагӣ ва тафриқа дӯрӣ кунанд.
Аҳамияти ин масъала то ҷое аст, ки Худованд дар беш аз 50 оят ба аҳамияти ваҳдат ва далоили эҷоди он ишора ва далоили ихтилофро баён кардааст.
Ояти 103 сураи Оли Имрон яке аз ин маворид аст, ки мефрмояд: وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِیعًا وَلَا تَفَرَّقُوا ۚ وَاذْکُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَیْکُمْ إِذْ کُنْتُمْ أَعْدَاءً فَأَلَّفَ بَیْنَ قُلُوبِکُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا وَکُنْتُمْ عَلَىٰ شَفَا حُفْرَةٍ مِنَ النَّارِ فَأَنْقَذَکُمْ مِنْهَا ۗ کَذَلِکَ یُبَیِّنُ اللَّهُ لَکُمْ آیَاتِهِ لَعَلَّکُمْ تَهْتَدُونَ; "Ва ҳамагӣ ба дини Худо чанг бизанед ва ба роҳҳои мутафарриқ наравед, ва ба ёд оваред ин неъмати бузурги Худоро, ки шумо бо ҳам душман будед, Худо дар дилҳои шумо пайванд ва меҳрубонӣ андохт ва ба лутф ва неъмати Худо ҳама бародари динии якдигар шудед, ва дар партгоҳи оташ будед, Худо шуморо наҷот дод. Бад-ин гуна Худо оёташро барои роҳнамоӣ ҳамаи мо баён мекунад то ҳидоят шавед".
Дар ташреҳи ин оят дар тафсири Нур омадааст: Худованд муъминонро ба ваҳдат фаро мехонд ва аз тафриқа наҳй мекунад ва ҷомеаи исломӣ бояд бо такя бар меҳвари тавҳид ва яктопарастӣ иттиҳод худро ҳифз кунад, ки ин бахш марбут ба мабонии тавҳид амалӣ мешавад.
Дар идомаи ояти Қуръони Карим барои онки асари мӯъҷиза осои исломро дар эҷоди ваҳдат баён кунад, мусулмононро ба ёди душманиҳое, ки пеш аз Ислом доштанд, меандозд.
Худованд натанҳо мусулмонон балки ҳамаи мардумро ба гирдомадан бар меҳвари ҳақиқат ва тарки ҷидол ва тафриқа даъват мекунад.
Бо тафаккур дар оёти Қуръон метавон фаҳмед, ки парҳез аз тафриқа яке аз усули тарин аркони даъвати Паёмбарони Илоҳӣ аст ва аз аҳамияти монанди асли барқарории дин бархурдор аст.
Тафсирҳои мухталифе дар бораи маънои ресмони илоҳӣ вуҷуд дорад; Бархе онро маҳдуд ба Қуръон донистаанд ва иддае дигар китоб ва суннат, дин илоҳӣ, итоати Худованд, тавҳиди холис, вилояти Аҳлу Байт(а) ва ҷамоатро ҳаблуллоҳ номидаанд ва дар ин миён бархе муфассирон низ ҳамаи ин мафоҳимро рисмони илоҳӣ таъбир кардаанд.
Бар асоси дастуроти зикршуда дар Қуръон ва суннат агар мусулмонон мехоҳанд қавӣ ва муқтадир шаванд бояд бар ваҳдат ва инсиҷом таъкид дошта ва аз усул ва арзишҳои бархоста аз он сиёнат кунанд.
Ба ҳамин далел роҳкорҳои мухталифе барои эҷод ва ҳифзи ваҳдат ва парҳез аз тафриқа баён шудааст.
Руҷуъ ба Қуръон ва суннат барои ҳалли ихтилоф, таваҷҷуҳ ба аъмоли марбут ба эҷоди ҳамбстагӣ, тақвияти пайвандҳо, эҷоди фазо барои гуфтугӯ ва таваҷҷуҳ ба дастуроти ахлоқӣ дар зиндагии иҷтимоӣ бахше аз ин маворид аст.
Қуръон ба мо меомӯзад, агар касоне ҳозир набуданд барои расидан ба ҳамаи аҳдофи муқаддас бо шумо ҳамкорӣ кунанд саъй кунед ҳамроҳии онҳоро дар аҳдоф имуҳимми муштарак ҷалб кунед ва аз он барои пешбурд аҳдоф истифода кунед ва ҳаргиз пароканда нашавед.