IQNA

Ахлоқи фардӣ / офоти забонӣ 6

Офати забонии хусумат дар ахлоқи исломӣ

18:40 - September 28, 2024
рақами хабар: 2180
ИКНА - Хусумат дар луғат ба маънои душманӣ ва ситеза ва назди донишмандони ахлоқ ба маънои пайкори лафзӣ бо дигарон ба қасди таҳсили мол ё истифои ҳақ аст.

Яке дигар аз бемориҳои забон, ки мояи падидомадани душманӣ ва аз ҳамгусехтагии ҷомеаи башарӣ мешавад хусумат аст. Хусумат дар луғат ба маънои душманӣ ва ситеза ва назди донишмандони ахлоқ ба маънои пайкори лафзӣ бо дигарон ба қасди таҳсили мол ё истифои ҳақ аст. Мушоҷираи лафзии инсон бо дигарон ҳангоме, ки бихоҳад ваҷҳеро бигирад ё чизеро, ки ба ҳақ ё ноҳақ аз ӯ салб шуда, истифо кунад, хусумат номида мешавад; Пас ҳадаф аз ин пайкор ҷанбаи молӣ ё ҳуқуқӣ аст; Албатта гоҳ хусумат дар маънои низои лафзӣ бо дигарон барои исботи ақидаи хеш низ ба кор рафтааст, ки шояд битавон онро ҳам навъе истифои ҳақ номид. 

Чунонки пайдост ҳар навъ хусуматеро аз разоили ахлоқӣ наметавон баршумурд. Аз ин рӯ олимони ахлоқ хусуматро ба ду навъ мамдӯҳ ва мазмум тақсим мекунанд. Ақл ва шаръ бархе аз анвоъи хусуматро сутуда ва бархе дигар аз хусуматҳоро накӯҳидааст. Хусумат фақат ҳангоме, ки шахс ба ҳаққонияти хеш яқин кунад ё ҳуҷҷати шаръӣ бар он дошта бошад ва аз сӯе барои истифои ҳаққи хеш роҳе ҷуз он наёбад, писандидааст. Ақли башар ба ҳукми зиштии зулм пазириши онро низ зишт ва нописанд медонад; Аз ин рӯ «истифои ҳақ» ва дафъи ситамро меситояд ва он ҳангом, ки барои пас гирифтани ҳақ, роҳе ҷуз хусумат наёбад, онро меситояд ва сифориш мекунад ва албатта ҳарчиро ақли салим биситояд, шариат низ бар он сиҳа мегузорад хусумат дар ин ҳол аз фазоили неруи ғазаб ба шумор меравад. Хусумати накӯҳиш шуда, аммо он ҷое аст, ки шахси хусуматкунанда бидонад ҳақ бо ӯ нест ё дар ҳаққонияти хеш тардид дошта бошад. Расули Акрам (с) фармуд إِنَّ أَبْغَضَ الرِّجَالِ إِلَى اللَّهِ الْأَلَّهُ الْحَصِيمُ "Мабғузтарин мардон назди Худо инсони лаҷуҷи хусумат кунандааст" ҳам ишон дар боби хусумати мазмум фармудаанд مَنْ جَادَل فِي خُصُومَةٍ بِغَيْرِ عِلْمٍ لَمْ يَزَلْ فِي سَخَطِ اللَّهِ حَتَّى يَنْزَعَ "Ҳар кас бидуни огоҳӣ дар хусумати лаҷоҷат варзад то замоне, ки дар он ҳол қарор дорад мавриди хашм илоҳӣ аст".

Бархе аз решаҳои хусумати накӯҳидаро метавон душманӣ ва кинаҷӯӣ, ҳасад ва ҳубби мол ё мақом метавон донист. Яке аз роҳҳои амалӣ барои дармони ин беморӣ ба кор бастани зидди он яъне «тиби калом» аст. Тиб калом яъне истифода аз гуфтори хуш ва сухани зебо ва муаддабона. Инсон бояд худро ба доштани тиби калом мулзам кунад; Яъне ҳангоми сӯҳбат бо дигарӣ, дар риояти адаб бикушад ва аз матолибе истифода кунад, ки некӯ ва писандида бошад. Ҳамонгуна, ки хусумат ва мароъ ва муҷодила душманисоз аст, акси онҳо яъне тиби калом мӯҷиби дӯстӣ мешавад ва маваддат офарин аст. Вақте мухотаб, шахсеро дар гуфтораш муроқиб бубинад, ҷазби ӯ мешавад. Ҳол агар ин вижагӣ дар ҷомеа бошад, мӯҷиби ваҳдат ва иттиҳод мешавад; Бар хилофи хусумат, ки ихтилофангез аст.

https://iqna.ir/en/news/3489998

captcha