Ҳудо Мусавӣ, хоҳари шаҳид Сайид Аббос Мусавӣ, дабири кулли собиқи Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар гуфтугӯ бо ИКНА, бо ишора ба ин ки имрӯз бо ҷанги ҳамаҷонибае рӯбарӯ ҳастем тасреҳ кард: Саҳюнистҳо миллати Фаластинро қатлиом мекунанд ва як ҷанг ба тамоми маъно дар минтақа рух додааст. Дар ин ҷанг бо душмани ваҳшӣ мувоҷеҳ ҳастем, ки ба касе раҳм намекунад. Дар Лубнон низ меҳвари муқовимат ва ҷабҳаи пуштибонӣ барои дифоъ аз сарзамини Фаластин ташкил шудааст.
Хоҳари дабири кулли собиқи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар хусуси иқдомоти Ҳизбуллоҳи Лубнон дар дифоъ аз мардуми Фаластин дар Ғазза изҳор кард: Дифои Ҳизбуллоҳ аз мардуми Ғазза дифоъ аз ҳурмат ва каромати инсон аст, ки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим фармудааст: «وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ»: Мо фарзандони одамро каромат бахшидем. (Асроъ/70) яъне тамоми касоне, ки вижагиҳои инсонӣ бар онҳо итлоқ мешавад бояд мавриди эҳтиром бошанд ва мо бояд аз онҳо дифоъ кунем. Ин як воҷиби динӣ ва ахлоқӣ аст, ки мӯҷиб шудааст ҷавонони Ҳизбуллоҳ дӯш ба дӯши мардуми Ғазза ва дар як сафи воҳид дар баробари душмани саҳюнистӣ истодагӣ кунанд.
Вай дар бораи нақши конфронси Ваҳдат, ки ҳарсола дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад дар эҷоди ваҳдати исломӣ ва аз байн бурдани тафриқа изҳор кард: Яке аз дастовардҳои ин конфронс ин аст, ки байни мусулмонон иттиҳод барқарор мекунад ва ҳамаи онҳо бар асоси ин ки уммати воҳида ҳастанд бар сари суфраи Қуръон ҷамъ мешаванд. Ин конфронс яке аз натоиҷ ва самароти талошҳои имом Хумайнӣ (ра) аст, ки ҳафтаи Ваҳдатро номгузорӣ кард.
Вай таъкид кард: Ин конфронс ваҳдати мусулмононро таҳким мебахшад ба гунае, ки вақти ҳамаи мусулмонон бар сари суфраи Қуръон муттаҳид мешаванд ёдоварии ин матлаб аст, ки Қуръони мо воҳид аст. Худованди Мутаол низ дар Қуръон даъват кардааст, ки: «وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا ۚ وَاذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنْتُمْ أَعْدَاءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْوَانًا»: "Ва ҳамагон даст дар рисмони Худо занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст ёд кунед: Он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. (Оли Имрон/103)
Ваҳдат; Омили эҷоди улфат ва тақвияти имони мусулмонон
Хоҳари дабири кулли собиқи Ҳизбуллоҳи Лубнон идома дод: Ваҳдати исломи мӯҷиби эҷоди улфат ва тақвияти имон миёни мусулмонон мешавад ва замоне, ки имон қавӣ миёни мусулмонон вуҷуд дошта бошад, онҳо метавонанд бо тамоми тавон дар баробари душманон истодагӣ кунанд ва табдил ба як ҷисми воҳид ва қудратманд хоҳанд шуд, ки бештарин салобат ва шуҷоатро доро хоҳад буд. Бад-ин тартиб душман наметавонд ба ҳар шакли мумкин дар миёни мусулмонон ихтилоф бияндозад.
Ҳадафи ҳамаи мусулмонон озодии сарзамини Фаластин аст
Вай афзуд: Алҳамдулиллоҳ имрӯз ба баракати ин конфронси Ваҳдат, иттиҳод байни мусулмонон эҷод шуда, ки ҳама медонанд, ки як ҳадаф вуҷуд дорад ва дидгоҳ ва ҳадафи мо мусулмонон яке аст. Ҳадафи ҳамаи мо озодии сарзамини Фаластин ва боргардондани муқаддасоти мусулмонон аст.
Ҳудо Мусавӣ, дар бораи чигунагии баҳра бурдан аз сираи сиёсии Паёмбари Ислом(с) дар эҷоди Ваҳдат ва дӯрӣ аз ихтилофот изҳор кард: Расули Акрам (с) Паёмбари раҳмат ва маншаъи раҳмати илоҳӣ буданд. Худованди Мутаол замоне, ки ҳазрати Муҳаммад (с)-ро мабус кард, ишонро чароғи равшан барои тамоми башарият қарор дод ва аввалин иқдоме, ки ҳазрати Расул (с) пас аз мабъус шудан анҷом доданд, эҷоди бародарӣ байни мусулмонон буд. Лизо калиди Ваҳдати исломӣ дар он замон ҳамин бародарӣ миёни форсҳо ва рӯмиён буд.
Вай дар идома баён кард: Ҳазрати Расул (с) байни мусулмонон эҷоди бародарӣ карданд то мусулмонон табдил ба як қалби воҳид шаванд ва бад-ин тартиб дар муқобили душманон қудрат пайдо кунанд бар асоси ин ки ҳар фарди мусулмон нисбат ба мусулмони дигар ҳамчун як ҷисми воҳид аст. Яъне мусулмонон бояд дорои ҷисм, қалб ва фикри воҳид бошанд.