IQNA

Ахлоқи фардӣ/ офоти забон-10

Ҷидол

14:43 - October 16, 2024
рақами хабар: 2272
ИКНА - Маънои ҷидол дар илми ахлоқ, пайкори лафзӣ ва ситеза дар калом ҷиҳати чира шудан бар тарафи муқобил аст.

Ислом, афзӯн бар масоили фардии инсон ба равобити иҷтимоии ӯ низ таваҷҷуҳи вижае дорад. Чигунагии иртиботҳои гуфторӣ ва рафтории башар аз аҳамияти фаровоне дар ин мактаб бархурдор аст. Садоқат, амонатдорӣ, хуши ва хубӣ ва.... аз фазоили ахлоқӣ ҳастанд, ки бисёр мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд ва ба онҳо амр шудааст ва дар муқобили дурӯғ, хиёнат, бӯҳтон, тӯҳмат ва.... аз разоили ахлоқӣ ҳастанд, ки мавриди нафрат ва наҳйи Ислом воқеъ шудаанд. Ҷидол низ яке аз мавзӯъоти ахлоқии марбут ба иртиботи гуфтории инсон бо дигарон аст; Ин иртибот гоҳ ба шакли яке аз бемориҳои забонӣ намудор мешавад, ки бояд ба шиносоӣ ва дармони он ҳиммат гумошт. 

Маънои ҷидол дар илми ахлоқ, пайкори лафзӣ ва ситеза дар калом ҷиҳат чира шудан бар тарафи муқобил аст. Ҳаргоҳ шахс бо тарафи муқобили худ ба ҷидол бипардозад ё аз ин кор ғарази илоҳӣ дорад ё ба думболи амёли нафсонии хеш аст; Ангезаи шайтонӣ дар ҷидол замоне аст, ки шахс мекӯшад бартарии худро ба дигарон бо ҳадафи расидан ба мақом, пул, ё бартарӣ ё аҳдофи дигар нишон диҳад. Гоҳ низ ҳадаф аз ҷидол, илоҳӣ аст. Дар ин навъ аз ҷидол фард талош мекунад то шахси нодонро огоҳ ва иршод кунад.

Ҷидол дар оёт ба ду сурат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дастае аз оёт ҳамчун «مَا يُجَادِلُ فِي آيَاتِ اللَّهِ إِلَّا الَّذِينَ كَفَرُوا (Ғофир/4) "Фақат касоне, ки кофир шудаанд дар оёти Худо ҷидол мекунанд". Ҷидолро накӯҳиш ва аз он наҳй мекунанд. Дастаи дигар аз оёт монанди ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ (Наҳл/125) "Бо ҳикмат ва андарзи некӯ ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо онон ба [шевае], ки некӯтар аст муҷодила намои". Ҷидолро таъйид карда, ба он дастур медиҳад. Инсон мумкин аст дар бархурди нахуст бо ин оёт гумон кунад миёни онҳо тазод вуҷуд дорад; Ҳол онки бо диққат дар ақсоми ҷидол ба некӣ метавон дарёфт, ки ҳеҷ тазодде дар байн нест балки Қуръон он навъе аз ҷидолро нафй мекунад, ки бо ангезаҳои шайтонӣ анҷом шавад ва аз сӯи дигар ҷидол бо ангезаҳои илоҳиро нек мешумурад.

Ҷидоли накӯҳиш шуда дар сифоти зишти дарунӣ реша дорад. Сарчашмаи ин рафтори нописанд разоиле чун хашм, ҳубби дунё ва такаббур аст ва бо худ осори бадро ба ҳамроҳ дорад. Кашида шудан ба нифоқ, дурӯғгӯӣ ва эҷоди душманӣ се намуна аз паёмадҳои манфии ҷидол бо ангезаи шайтонӣ аст. Шахсе, ки тавон кофӣ барои ҷидол надорад ва бо ин ҳол вориди он мешавад афзӯн бар ин, ки бар оташи ихтилоф миёни худ бо дигарӣ меафзояд, мумкин аст барои дифоъ аз ҳарфи худ дурӯғ бигӯяд ва ҳатто ба нифоқ кашида шавад.

Аммо, барои дар амон ҷидоле, ки ақл ва шаръ онро накӯҳидааст ду роҳ вуҷуд дорад. Яке аз инҳо ёдоварии осори бад ва зишти ҷидол ва нафрати дарунӣ аз он аст ва дигарӣ тақвияти эҷоди рӯҳияи эҳтиром ба дигарон аст.

https://iqna.ir/en/news/3490288

captcha