Лаън дар луғат ба маънои хор кардан, рондан ва дӯр кардан аз рӯи хашм ва ғазаб аст ва дар илми ахлоқ ба маънои талаб ва дархости дӯр шудани шахс аз раҳмати Худованд аст. Вақте инсон шахсеро лаън мекунад мехоҳад, ки ӯ аз даргоҳи лутф ва раҳмати Худованд дӯр шавад ва малъун ба касе гуфта мешавад, ки аз раҳмати Худованд ба дӯр аст; Лаън аз сӯи Худованд ба ин маъно аст, ки касеро аз даргоҳи раҳмати хеш дӯр созад, ки дар охират ба сурати уқубат ва кайфар намоён мешавад; Аммо нафарин» ба маънои дархости ҳаргуна бадӣ ва шар аз Худованд барои дигарон аст; Ҳол чӣ дархости дӯрӣ аз раҳмат ва чӣ амри нохушоянди дигаре бошад; Бадин сабаб метавон нафаринро дорои маънои шомилтар аз «лаън» донист; Яъне ҳар лаъне нафарин аст; Вале ҳар нафарине лаън нест.
Муҳимтарин омили бурузи лаън ва нафарин хашм аст. Замоне, ки оташи хашм дар инсон забона мекашад ва аз султаи хирад хориҷ мешавад аъмоли зишт ва нописанде аз инсон содир мешавад, ки яке аз онҳо лаън ва нафарин аст дархости дӯрӣ аз раҳмати суқут дар мароҳили зиндагӣ пешомадани хатарот ва марги зудрас ва.... барои дигарон аз шойетарин осори хашм саркаши инсон аст. Гоҳ низ лаън ва нафарини дигарон ба сабаби ҳасодат ба мавқеият ва мартабаи ишон аст. Фарди ҳасуд ба ҷои он ки дар садади таҳсили мадориҷ ва маротиби волои инсонӣ бошад аз даргоҳи Худованд суқут ва нобудии дигаронро мехоҳад ва забон ба нафарини ишон мегушояд.
Лаън аз дидгоҳи шаръ нодуруст ва ҳаром аст, магар мавориде, ки худи шариат таҷвиз карда бошад, ки мавориди он дар Қуръон ба шарҳи зайл аст:
Лаън бар кофирон: «إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا وَمَاتُوا وَهُمْ كُفَّارٌ أُولَئِكَ عَلَيْهِمْ لَعْنَةُ اللَّهِ وَالْمَلَائِكَةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ» (Бақара/161) "Касоне, ки кофир шуданд, ва дар ҳоли куфр мурданд, лаънати Худо ва фариштагон ва тамоми мардум бар онон бод."
Лаън бар мушрикон: «وَيُعَذِّبَ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْمُشْرِكِينَ وَالْمُشْرِكَاتِ الظَّانِّينَ بِاللَّهِ ظَنَّ السَّوْءِ عَلَيْهِمْ دَائِرَةُ السَّوْءِ وَغَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ وَلَعَنَهُمْ وَأَعَدَّ لَهُمْ جَهَنَّمَ وَسَاءَتْ مَصِيرً» (Фатҳ/6) "Ва [то] мардон ва занон нифоқпеша ва мардон ва занони мушрикро, ки ба Худо гумони бад бурдаанд, азоб кунад; Бад замона бар онон бод. Ва Худо бар ишон хашм намуда ва лаънаташон карда ва ҷаҳаннамро барои онон омода гардонида ва [чӣ] бад саранҷоме аст".
Лаън бар муртаддон: «كَيْفَ يَهْدِي اللَّهُ قَوْمًا كَفَرُوا بَعْدَ إِيمَانِهِمْ وَشَهِدُوا أَنَّ الرَّسُولَ حَقٌّ وَجَاءَهُمُ الْبَيِّنَاتُ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِين* أُولَئِكَ جَزَاؤُهُمْ أَنَّ عَلَيْهِمْ لَعْنَةَ اللَّهِ وَالْمَلَائِكَةِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ» (Оли Имрон/86-87) "Чигуна Худованд, қавмеро, ки баъд аз имонашон кофир шуданд, ҳидоят мекунад? Бо он ки шаҳодат доданд, ки ин Расул, бар ҳақ аст ва барояшон далоили равшан омад, ва Худованд қавми бидодгарро ҳидоят намекунад. Онон, сазояшон ин аст, ки лаънати Худо ва фариштагон ва мардум, ҳамагӣ барояшон аст."
Лаън бар мунофиқон: «وَعَدَ اللهُ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْكُفَّارَ نَارَ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا هِيَ حَسْبُهُمْ وَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ وَ لَهُمْ عَذَابٌ مقيم» (Тавба/68) "Худованд ба мардон ва занони мунофиқ ва кофирон ваъдаи оташи дӯзах додааст. Ҷовдона дар он хоҳанд монд. Ҳамон барои онҳо бас аст ва Худо онҳоро аз раҳматаш дӯр сохта азоби пойдоре барои онон аст."
Лаън бар ситамгарон: «أَلَا لَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الظَّالِمِينَ» (Ҳуд/18) "Ҳон лаънати Худо бар ситамкорон бод".
Лаън бар фасод кунандагон: «وَ الَّذِينَ يَنْقُضُونَ عَهْدَ اللهِ مِنْ بَعْدِ مِيثَاقِهِ وَيَقْطَعُونَ مَا أَمَرَ اللهُ بِهِ أَنْ يُوصَلَ وَيُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ أُولَئِكَ لَهُمُ اللَّعْنَةُ وَلَهُمْ سُوءُ الدَّارِ» (Раъд/25) "Ва онҳо, ки аҳди Аллоҳро пас аз маҳкам кардан мешикананд ва пайвандҳоеро, ки Худо дастури барқарории онро дода қатъ мекунанд ва дар рӯи замин фасод мекунанд, лаънати Худо ва бадӣ ва муҷозот сарои охират аз он ишон аст".
Лаън бар шайтон: « وَإِنَّ عَلَيْكَ لَعْنَتِي إِلَى يَوْمِ الدِّينِ» (С/78) "Ва ҳамоно лаънати ман то рӯзи қиёмат бар ту хоҳад буд".
Лаън бар озордиҳандагони Худо ва Паёмбар: «إِنَّ الَّذِينَ يُؤْذُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ لَعَنْهُمُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَ أَعَدَّلَهُمْ عَذَاباً مُهِيناً» (Аҳзоб/57) "Онҳо, ки Худо ва Паёмбарашро озор медиҳанд Худованд ишонро аз раҳмати худ дар дунё ва охират дӯр сохта ва барои онон азоби хоркунандае омода кардааст."
Лаън бардурӯғгуён: «ثُمَّ نبْتَهِلْ فَنَجْعَلْ لَعْنَتَ اللَّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ» (Оли Имрон/61) "Сипас мубоҳила мекунем ва лаънати Худоро қарор медиҳем бар дурӯғгӯён".
Лаън бар бӯҳтон занндагон ба занони покдоман: إِنَّ الَّذِينَ يَرْمُونَ الْمُحْصَنَاتِ الْغَافِلَاتِ الْمُؤْمِنَاتِ لُعِنُوا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمُ» (Нур/23) "Ҳамоно касоне, ки ба занони шавҳардори ноогоҳи муъмин бӯҳтон мезананд, дар дунё ва охират лаънат мешванд ва барои ишон азоби бузург аст".
Лаън бар қотили муъмин: «وَ مَنْ يَقْتُلْ مُؤْمِناً مُتَعَمِّداً فَجَزَاؤُهُ جَهَنَّمُ خَالِداً فيها وَ غَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِ وَ لَعَنَهُ وَأَعَدَّ لَهُ عَذَاباً عَظِيماً» (Нисоъ/93) "Ва ҳар кас фарди муъменеро аз рӯи амд ба қатл бирасонад ҷазои ӯ дӯзах аст. Дар он ҷовидон мемонад ва Худо бар ӯ хашмгин мешавад ва ӯро лаън карда барояш азоби бузург фароҳам месозад».