Сиючаҳорумин сураи Қуръони Карим “Сабаъ” ном дорад. Ин сура бо 54 оят дар ҷузъи 22 қарор гирифтааст. Сураи Сабаъ аз сураҳои макӣ аст ва панҷоҳу ҳаштумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
Иллати номгузории ин сура, ояти панҷоҳучҳорум аст, ки дар он номи “Сабаъ” омадааст. Сабаъ номи яке аз шаҳрҳои Яман буд, ки дар он қавме ба ҳамин ном дар даврони паёмбарии ҳазрати Сулаймон(а) зиндагӣ мекарданд ва ҳокими онҳо як зан ба номи Билқайс буд. Дар бахше аз сура ба баёни достони мувоҷеҳ шудани ҳазрати Сулаймон бо қавми Сабаъ пардохта шудааст.
Ин сура монанди соири сураҳои макӣ дар мавриди эътиқодоти мусулмонон аз ҷумла усули сегона, яъне тавҳид ва набувват ва қиёмат баҳс мекунад. Баъд аз баёни онҳо кайфари касонеро, ки мункири онҳо ҳастанд, ва ё илқои шубҳа мекунанд, баён карда, он гоҳ аз роҳҳои мухталиф он шубҳаҳоро дафъ мекунад.
Ин сура бештар ба масъалаи маод таваҷҷуҳ доштааст. Мавзӯъоти фаръии ин сура иборат аст аз нишонаҳои Худованд дар олами ҳастӣ ва сифоти Ӯ, мунозираи мустазъафин бо мустакбирин дар рӯзи қиёмат, баёни қисмате аз мӯъҷизоти Паёмбарон, сарнавишти шукргузорон ва носипосон, баёни бахше аз неъматҳои илоҳӣ ва даъвати инсон ба тафаккур ва андеша.
Баёни ду мӯъҷиза аз ду паёмбар, ки падар ва писар ҳастанд, нарм шудани оҳан ба дасти ҳазрати Довуд алайҳиссалом ва дар ихтиёр доштани бод ба дасти ҳазрати Сулаймон алайҳиссалом ба изн илоҳӣ, низ дар сураи Сабаъ омадааст.
Ҳамчунин дар ин сура ба ҳамоҳангии кӯҳҳо ва паррандагон бо ҳазрати Довуди Паёмбар(а) ва зиреҳсозии ӯ, фармонбарии ҷин аз ҳазрати Сулаймон, нарм шудани мис ва сохтани биноҳо ва зуруф, марги Сулаймон ва низ достони қавми Сабаъ ва боғҳои ободи онон ва нузули сейл бар онҳо ба хотири носипосишон аз достонҳои таърихии ин сура аст.