Ба гузориши ИКНА; Бешоз 76 сол аз сиёсати палиди кишвари истеъморгаре чун Англис пас аз ҷанги шаш рӯзаи аъроб ва режими ғосиби саҳюнистӣ дар соли 1848 мелодӣ; Аз замоне ки 700 ҳзор фаластинӣ танҳо тайи якшба тавассути неруҳои ин кишвари истеъморгар аз сарзамини аҷдодии худ овора шудаанд ва дар нахустин оворагӣ урдугоҳи оворагони арозии ишғолии кишвари Фаластин ба унвони «Хон Юнус» сокин шудаанд мегузарад.
Имрӯз пас аз гузашти беш аз 76 сол аз он таърихи (1948 мелодӣ), он ниҳол ба дарахти тановар ва тануманде бадал шуда, ки самараи он меваҳои мактаб ва наҳзате ба номи «муқовимат» аст.
Урдугоҳи оворагони «Хон Юнус» ба унвони нахустин урдугоҳи пазирои Фаластиниён аз замини ниёгони худ ронда шуда ба шумор меравад ва дар идома ин нигоҳи истеъморӣ ва кӯчондани ба зӯри мардумони Фаластин аз диёр ва мутани худ шоҳиди таъсиси урдугоҳҳои дигаре «Сабро ва Шатило»; «Ҷиболиё» ва ... будем, ки пас гузашти қариб ба ҳашт даҳа аз таърихи мардумони ин сарзамин дар баробари тафаккури истеъмории Англис ва дар идома Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истодаанд.
Дар ин миён танҳо вожаи «Муқовимат ва истодагӣ» аст, ки сабаб шуда то он чи ҳаққи мусаллами ин миллат аст яъне сарзамини аҷдодияшонро аз дасти режими ғосиби саҳюнистӣ бозпасгиранд.
Пас аз гузашти қариб ба ҳашт даҳа, шоҳиди фароз ва фуруди зисти мардумоне буд, ки имрӯз баъд аз гузори як соли ахир аз ҳодисаи «ҳафтуми октябри 2023» ва оғози ҳамосаи «Тӯфони Ал-Ақсо», дигар на фақат чашми мардумони мусулмони кишварҳои исломӣ, ки тамоми ҷаҳон ба «мазлумият» ва аз суи дигар «ҳаққонияти» мардумони ин сарзамин духта шудааст.
Номи ҷаҳонӣ бо нишони равшани «истодагӣ» ва «муқовимат»
Он чунон, ки ишорат рафт урдугоҳи «Хон Юнус» ва дигар урдугоҳҳои оворагони фаластинӣ, пас гузашти қариб ба ҳашт даҳа; Ба ҳамон мизон, ки шоҳиди шаҳодати мардумони муқовим ва мубориз дар баробари режими ғосиб ва кӯдаккуши саҳюнистӣ будаанд ба ҳамон мизон шоҳиди таваллуди мардон ва заноне будаанд, ки бисёре аз онҳо дар гузор таърихӣ зисти худ, саҳми муҳимме аз «ҳамоса» «рашодат» «исор» «истодаги» ва «муқовимат»-ро дар оинаи зиндагии худ қарор доданд ва бо нисори хунашон, номи худро дар масири тановарсохтан ва тануманд кардани дарахти пурбори «муқовимат» дар таърихи ҷаҳон ба сабт расонданд.
«Яҳё Иброҳим Ҳасан Ас-Синвор» Аз раҳбари низомӣ то раҳбарии сиёсии Ҳамос
Номе, ки бисёре ӯро ба унвони раҳбари Харизматӣ, боқудрат ва салобат; Мусаммам дар масири мубориза бо режими ғосиби саҳюнистӣ мешиносанд. Номе, ки масири мубориза бо низомиёни саҳюниро аз мубориза дар пас гузори таҷрибаи «Интифозаи Санг» дар даврони навҷавонӣ оғоз ва сипарӣ кард ва то қомати раҳбари бахши низоми ҷунбиши муқовимати исломии «Ҳамос» пеш рафт ва пас аз он ки раҳбари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос; Шаҳид «Исмоил Ҳания» ба унвони меҳмон дар сарзамини Инқилоби Исломии Эрон, тавассути режими ғосиби саҳюнистӣ террор шуд ва ба шаҳодат расид; Аз раҳбарии «шохаи низомии Ҳамос» ба раҳбарии «шохаи сиёсии» он расид.
Бузургмарде, ки пас аз солҳо пайгирии радди ӯ барои террор ва ба шаҳодат расонданаш; Режими ғосиби саҳюнистӣ саранҷом дар таърихи 16 октябри 2024 имсол ӯро ба шаҳодат расонд; «шаҳид Яҳё Иброҳим Ҳасан Ас-Синвор»
Омӯзиш ва таҳқиқ пушти миллаҳои зиндон
14 сол баъд аз он таърихи 1948 мелодӣ; Дар 29 октябри 1962 мелодӣ фарзанде дар хонаводаи «Синвор» ба номи «Яҳё Иброҳим Ҳасан Ас-Синвор» мутаваллид шуд. Асире, ки нависандае бузург ва раҳбари Харизматӣ шуд!
«Яҳё Синвор» танҳо 27 сол дошт, ки ба иттиҳоми куштани чанд ҷосуси режими ғосиби саҳюнистӣ тавассути дастгоҳ ба дӯр аз адолати қазоии ин режим; Ба чаҳор бор ҳабси абад маҳкум шуд!
Ӯ беш аз 20 сол аз зиндагӣ худро пушт миллаҳои зиндонҳои махуфи режими ғосиби саҳюнистӣ сипарӣ кард.
«Яҳё Синвор» аз ҳамон рӯзҳои нахусти ҳузураш дар зиндонҳои ин режими ғосиб бо иттико ба рӯзномаҳо ва расонаҳои саҳюнистӣ ба шакли комил ба забони ибрӣ тасаллут пайдо кард ва муҳиммтарин ҳадафи худро шинохти шахсиятҳои сиёсӣ ва иттилоотии Исроил устувор кард.
Романи «Хор ва Мехак», ки тавассути «Яҳё Синвор» ба забон ибрӣ навишта шуда буд ба фосилаи кӯтоҳе ба чоп расид ва торнамои (веб-сайти) «Амазонка» ин китобро барои фурӯш ва арзаи байналмилалӣ дар торнамои худ қарор дод ва ба фосилаи бисёр кӯтоҳе даҳҳоҳазор ҷилд аз ин китоб тавассути алоқамандони саросари ҷаҳон харидорӣ шуд.
Романе, ки аз яксу нишондиҳандаи ғуддаи бадхими саратоне чун режими саҳюнистӣ, ки ҳамчун хоре дар гулзори Фаластиниён шурӯъ ба рушд ва нумув карда ва аз сӯи дигар «Мехак», ки дар фарҳанги Араб намоди шодӣ; Гул барои маросими ҷашни арӯсӣ ва аъёд ба шумор меравад, ки намоде аз зиндагии ширини мардумони фаластинӣ астро дар чанголи худ қарордода ва зоҳири онро сиёҳ кардааст. «Хор ва Мехак»; Достони сафари омӯзишӣ ва такомули маънавиро ривоят мекунад, ки аз дидгоҳи марде ба номи «Аҳмад» ривоят мешавад ва достони ду хонавода дар «Ғазза» ва «Ҳибрун» аст, ки ҳар ду аз аъзои «ҷунбиши муқовимат» ҳастанд.
Асли«тахайюл» дар ин достон амиқ аст, аммо вобастагии бисёре ба зиндагонии воқеии «Яҳё Синвор» дорад.
Романи «Хор ва Мехак» илова бар халқи саҳнаҳои ҳамосӣ аз муқовимат, бархе масоили иҷтимоии Фаластиниҳоро низ баён кардааст. Бисёре аз таҳлилгарон мӯътақиданд, ки «Синвор» дар ин китоб, ба худаш ҳам пардохтааст. Баёни ин нукта зарурӣ аст, ки «Яҳё Синвор» масъули шиносоии авомили режими саҳюнистӣ дар зиндагии воқеӣ буд ва «Абу Иброҳим» номи ҷангӣ ва лақаби зинданом «Яҳё Синвор» аст; Номе, ки дар роман масъулияти муҳиммеро бар ӯҳда дорад!
«Синвор» дар ин китоб, ба содагӣ ва фақри Фаластиниҳо ба таври муфассал мепардозад ва ҳамчунин ба бемайлии сокинони Каронаи Бохтарӣ дар бораи ширкат дар муқовимат алайҳи Исроил ҳам ишора карда ва аз онҳо гила мекунад.
Дар ниҳоят бо васотати Миср ва Олмон ҷиҳати тавофуқи табодули усаро; «Яҳё Синвор» дар октябри 2011 мелодӣ дар шароите дар қиболи озодии «Шалит» мубодила шуд, ки ҷузви нахустин гурӯҳ аз усарои фаластинӣ буд, ки ба Навори Ғазза бозгашт ва замоне, ки вориди Ғазза шуд пешонибанди сабз намодини «Ҳамос» бар пешони дошт.
Financial Times: Афсонае бо номи Синвор!
Аммо умда шӯҳрати «Абу Иброҳим» ба моҳи майи 2021 мелодӣ бозмегардад; Замоне, ки шиддати танишҳо миёни Фаластиниён ва полиси режими ғосиби саҳюнистӣ ба вижа дар атрофи қиблаи аввали мусулмонон (Масҷидул-Ақсо), ки садҳо захмӣ бо худ ба ҷой гузошт боис шуд то «Ҳамос» дар посух ба истимрори ваҳшигариҳо ва дадманишиҳои сарбозони режими ғосиби саҳюнистӣ чанд мушак ба ҷониби маркази Ерусалим равона кунад ва ин оғози 11 рӯз даргирии шадид миёни неруҳои Ҳамос ва сарбозони режими ғосиби саҳюнистӣ шуд.
Талош барои террор ва ба шаҳодат расондани «Яҳё Синвор» низ баъд аз шаҳодати «Сайиди Муқовимат» шитоби бештаре гирифт ва саранҷом хабар расид, ки дар таърихи 16 октябри 2024) «Яҳё Синвор» низ тавассути ин режими ғосиб ва кӯдаккуши хуношом ба шаҳодат расидааст.