Яке аз рафторҳои ношоисте, ки гурӯҳе барои беэътибор кардани дигарон аз он баҳра мегиранд «истеҳзо» ё «масхара» кардан аст. Истеҳзо ва масхара кардан аз ҷумла бемориҳои бисёр зишт ва нозибои забон аст, ки авоқибе чун озурдагии душманӣ ва интиқомҷӯиро дар ҷомеаи башарӣ ба бор оварда рӯҳи ваҳдат ва як порчагиро аз миён мебарад.
Олимони ахлоқ манзур аз истеҳзо ва масхара карданро тақлиди гуфтор, кирдор ё сифате аз сифот ё нақсе аз нақоиси дигарӣ, барои хандондани мардум, донистаанд. Пас ҳақиқати истеҳзо аз ду ҷузъ ташкил шудааст .1 тақлид аз дигарон 2. қасди хандондани онҳо. Таҷовуз ба ҳарими обрӯи дигарон ва таҳқири ишон ба ҳар шакл ва сурате мавриди наҳйи ақл ва шаръ аст. Қуръони Карим ва ривояот ин рафторро бо сароҳат наҳй карда ва мамнуъ шумурдаанд. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд: «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا يَسْخَرْ قَوْمٌ مِنْ قَوْمٍ عَسَى أَنْ يَكُونُوا خَيْرًا مِنْهُمْ وَلَا نِسَاءٌ مِنْ نِسَاءٍ عَسَى أَنْ يَكُنَّ خَيْرًا مِنْهُنَّ» (Ҳуҷурот/11) "Эй касоне, ки имон овардаед ҳеҷ гурӯҳе аз шумо гурӯҳи дигареро масхара накунад. Шояд ишон гурӯҳи дувум аз онҳо гурӯҳи аввал беҳтар бошанд ва занон, занони дигарро масхара накунанд. Шояд ишон аз онҳо беҳтар бошанд". Ҳамчунин дарҚуръон дар мазаммати истеҳзо омадааст: «وَ وُضِعَ الْكِتَابُ فَتَرَى الْمُجْرِمِينَ مُشْفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَا وَيْلَتَنَا مَالِ هَٰذَا الْكِتَابِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةً وَلَا كَبِيرَةً إِلَّا أَحْصَاهَا ..» (Каҳф/49) "Ва номаи аъмол қарор дода мешавад, пас гуноҳкорон дар ҳоли ҳарос аз он чи дар он аст нигоҳ мекунанд ва мегӯянд эй вой бар мо ин чӣ номае аст, ки ҳеҷ кӯчак ва бузурге фурӯгузор нашуда магар он ки онро ба шумор овардааст".
Истеҳзо агар дар ғиёби шахс ва дар бораи айби пинҳонаш сурат пазирад, афзӯн бар ҳукми истеҳзо, машмули ҳукми ғайбат низ мешавад, ки худ гуноҳи бузург аз гуноҳони мутааддиди забон аст. Барои дармони ин беморӣ бояд ба авоқиб ва паёмадҳои бади он андешид. Истеҳзо, мояи душмании дунё ва азоб ва гирифтории охират аст. Истеҳзо мӯҷиби хор шудан мешавад ва ӯро аз шаън ва мақоми хеш поин меоварад ва чӣ басо фард ба ҳамон чизе, ки дастовези истеҳзо қарор додааст дучор шавад. Таърих ҳикоят мекунад, ки Ҳакам, падари Марвон ба думболи Расули Худо(с) роҳ меафтод ва ба қасди тамасхур аз роҳ рафтани ҳазрат бо ҳолати зишт тақлид мекард то рӯзе Расули Акрам (с) мутаваҷҷеҳ рафтори занадаи ӯ шуд ва фармуд аз Худо мехоҳам ҳамон тавр, ки ҳасти бимонӣ бо ин ҷумла, Ҳакам ба марази Паркинсон гирифтор шуд ва то охири умр ба ҳамин мараз мубтало буд.