IQNA

Ахлоқи фарди / офоти забон-13

Фуҳш ва дашном

18:35 - October 23, 2024
рақами хабар: 2304
ИКНА - Фуҳш ё дашном, нисбати зиште аст, ки ҳангоми нороҳатӣ ва танаффур аз касе ба ӯ дода мешавад. Ин амал ба таври куллӣ дар шариат накӯҳиш шуда. Ҳадди накуҳиши ин амал ба ҳадде аст, ки ҳатто дар Қуръон ба мусулмонон сифориш шудааст, ки ба худоёни мушрикон низ фуҳш надиҳанд.

Фуҳш ё дашном, нисбати зиште аст, ки ҳангоми нороҳатӣ ва танаффур аз касе ба ӯ дода мешавад. Фуҳшро аз ҷиҳати ангезаи гӯянда ба чанд қасам метавон тақсим кард. Фуҳш гоҳе барои ранҷондани хотири дигарӣ гуфта мешавад. Дашном диҳанда дар ин ҳолат бо ҷидият носаза гуфта ҳурмати шиканӣ мекунад. Гоҳе низ дашном бо ангезаи шӯхӣ ва бидуни ангеза ранҷондан сурат мепазирад. Илова бар инҳо бархе вақтҳо низ ин сифати нописанд, одати як фард шуда ва вай бидуни ангезаи хоссе ва аз рӯи одат ҳарфи лағв мезанад.

Баҳарҳол фӯҳш, амале аст, ки дар шариат накӯҳиш шуда. Ҳадди накуҳиши ин амал ба ҳадде аст, ки ҳатто дар Қуръон ба мусулмонон сифориш шудааст, ки ба худоёни мушрикон низ фуҳш надиҳанд «وَلَا تَسُبُّوا الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ فَيَسُبُّوا اللَّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ» (Анъом/108) "Ва онҳоеро, ки ҷуз Худо мехонанд дашном мадаҳед, ки онон аз рӯи душманӣ [ва] ба нодонӣ, Худоро дашном хоҳанд дод." Ҳамчунин аз Паёмбари Гиромии Ислом (с) ривоят шудааст, ки «الْفَحْشُ وَ الْتَفَحْشُ لَيْسَا مِنَ الْإِسْلَام فِي شَيْءٍ» "Носазо гуфтан ва ҳарзагӯӣ дар ҳеҷ мавриде аз Ислом нест".

Носазогӯӣ базри душманиро дар дили дигарон мепошад ва онҳоро аз фуҳш диҳанда мутанаффир мекунад; Чунин фарде ба ҷои касби дӯстӣ бар теъдоди душманони худ меафзояд. Расули Худо (с) мефармояд: «لَا تَسُبُّوا النَّاسَ فَتَكْسِبُوا الْعَدَاوَةَ لَهُمْ» "Ба мардум дашном надаҳед то душмании ишонро ба даст наёваред" аз дигар паёмадҳои фаҳҳошӣ, кам шудани ризқ ва рӯзӣ ва баракат, иҷобат нашудани дуо, маҳрумият аз биҳишт ва вуруд ба дӯзах дониста шудааст. Аз Расули Худо (с) ривоят шудааст, ки вуруд ба биҳишт бар ҳар дашном диҳандае ҳаром аст.

Барои раҳоӣ аз ин бемории ахлоқӣ бояд кӯшид то решаҳои ин рафтор нобуд ва ғазаб ва шаҳвати саркаш ром ва фармонбардор шавад. Кӯшиш дар ба коргирифтани суханони некӯ ва истифода аз гуфтори хуш роҳи амалӣ барои дармони бемории фуҳш аст. Одат кардан ба гуфтори некӯ, малакаи нописанди носзогӯиро аз равони одамӣ хориҷ месозад.

https://iqna.ir/en/news/3490334

captcha