IQNA

Ҳақиқати маод: Ҷисмонӣ ё рӯҳонӣ? 

19:48 - November 09, 2024
рақами хабар: 2387
ИКНА - Бинобар оёти Қуръон ҳамон ҷисме, ки хок ва муталошӣ гашта, ба фармони Худо ҷамъ‏оварӣ ми‏шавад ва маод ба сурати ҷисмонӣ иттифоқ меафтад. 

Уламои бузурги Ислом мӯътақиданд маод ба ду сурати рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ сурат мегирад. Бинобар оёти Қуръон ҳамон ҷисме, ки хок ва муталошӣ гашта, ба фармони Худо ҷамъ‏оварӣ ме‏шавад. Шавоҳиди маоди ҷисмонӣ дар Қуръони Маҷид бисёр зиёд аст. Оёте, ки дар охири сураи Ёсин ме‏хонем ба рӯшанӣ баёнгари ин ҳақиқат аст. Дар ин оёт марди араби биёбонӣ бо тааҷҷуб аз Паёмбар мепурсд устухони пусидаи мурдагонро чӣ касе ме‏тавонад зинда кунад? Қуръон бо сароҳат дар посухи ӯ ми‏гӯяд: «قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِي أَنْشَأَها أَوَّلَ مَرَّةٍ» "Бигӯ ҳамин устухони пусидаро Худое, ки рӯзи нахусти онро ибдоъ ва эҷод кард зинда ме‏кунад".

Тамоми тааҷҷуби мушрикон ва мухолифати онҳо дар масъалаи маод бар сари ҳамин матлаб буд, ки чигуна вақте мо хок шудем ва хокҳои мо дар замин гум шуд, дубора либоси ҳаёт дар тан ме‏кунем? «وَ قالُوا أَ إِذا ضَلَلْنا فِي الْأَرْضِ أَ إِنَّا لَفِي خَلْقٍ جَدِيدٍ» (Саҷда /10). Онҳо ме‏гуфтанд: «чигуна ин мард ба шумо ваъда ме‏диҳад вақте, ки мурдед ва хок шудед бори дигар ба зиндагӣ бозме‏гардед «أَ يَعِدُكُمْ أَنَّكُمْ إِذا مِتُّمْ وَ كُنْتُمْ تُراباً وَ عِظاماً أَنَّكُمْ مُخْرَجُونَ» (Мӯъминун/35). Онҳо ба қадре аз ин масъала тааҷҷуб ме‏крданд, ки изҳори онро нишонаи ҷунун ва ё дурӯғ бар Худо ме‏пиндоштанд: «قالَ الَّذِينَ كَفَرُوا هَلْ نَدُلُّكُمْ عَلى‏ رَجُلٍ يُنَبِّئُكُمْ إِذا مُزِّقْتُمْ كُلَّ مُمَزَّقٍ إِنَّكُمْ لَفِي خَلْقٍ جَدِيدٍ»"Кофирон гуфтанд мардеро ба шумо нишон диҳем, ки ба шумо хабар ме‏диҳад ҳангоме, ки комилан хок ва пароканда шудед дигар бор офариниши ҷадиде меёбед" (Сабаъ/ ояти 7 ва 8). Ба ҳамин далел умуман «истидлолоти Қуръон дар бораи имкони маод» бар меҳвари маоди ҷисмонӣ давр ме‏занд.

Илова бар он чи гуфта шуд Қуръон карроран хотир нишон ме‏кунд, ки инсонҳо дар қиёмат аз қабрҳо хориҷ мешванд (Ёсин 51- Қамар 7). Растохез аз қабр ба таври мушаххас ишора ба ҷисмонӣ будани маод дорад.

Дстони мурғҳои чаҳоргонаи Иброҳим, ва ҳамчунин достони Узайр ва зинда шудани ӯ баъд аз марг, ва моҷарои мақтули банӣ Исроил ҳама бо сароҳат аз маоди ҷисмонӣ сухан ме‏гуед.

Тавсифҳои зиёде, ки Қуръони Маҷид аз мавоҳиби модӣ ва маънавии биҳишт карда аст‏ ҳама нишон ме‏диҳад, ки маод ҳам дар марҳалаи ҷисм ва ҳам дар марҳалаи рӯҳ таҳаққуқ ме‏пазирад, ва-гарна ҳур ва қусур ва анвоъи ғизоҳои биҳиштӣ ва лазоизи модӣ дар канори мавоҳиби маънавӣ маъне надорад.

Ба ҳар ҳол мумкин нест касе камтарин огоҳӣ аз мантиқ ва фарҳанги Қуръон дошта бошад ва маоди ҷисмониро инкор кунад, ва ба таъбири дигар инкори маоди ҷисмонӣ аз назари Қуръон мусовӣ аст бо инкори асли маод!

https://iqna.ir/en/news/3490590

captcha