IQNA

Замони марги ҳатмӣ ва ғайри ҳатмӣ дар чист?

19:36 - November 11, 2024
рақами хабар: 2402
ИКНА - Муфассирони Қуръон бар мабнои ояти «هُوَ الَّذِى خَلَقَكُم مِّن طِينٍ ثُمَّ قَضىَ أَجَلًا وَ أَجَلٌ مُّسَمًّى عِندَهُ» (Ӯ касе аст, ки шуморо аз хок офарид; Онгоҳ аҷал муқаррар кард ва аҷали муаян пеши Ӯст) баён доштаанд, ки ду аҷали ҳатмӣ ва ғайри ҳатмӣ барои инсон вуҷуд дорад. Аввалӣ ҳамон аҷали мусаммо аст, ки бо ҳамин ном дар оят омадааст; Дувумиро ҳам аҷали муаллақ номидаанд. 

Саромад ва аҷали мусаммо ё ҳатмӣ, марге аст, ки поёни истеъдоди ҷисми инсон барои бақоъ аст ва бо фаро расидани он ҳамачиз ба фармони илоҳӣ поён мегирад ояте чун «فَإِذا جاءَ أَجَلُهُمْ لا يَسْتَأْخِرُونَ ساعَةً وَ لا يَسْتَقْدِمُونَ» "Ҳангоме, ки аҷали онҳо фаро расад на соате ба ақиб меафтад ва на ҷилав" (Аъроф/ 34) ишора ба ин навъ аз марг дорад.

Саромад ва аҷали муаллақ, аммо марге аст, ки бо дигаргунии шароит дигаргун мешавад. Худкушӣ намунае аз аҷали муаллақ аст чаро, ки фард агар даст ба худкушӣ назанад мумкин аст, ки солҳо зинда бимонад.

Тавзеҳи бештар он ки бисёре аз мавҷудот аз назари сохтумон табиӣ ва зотӣ истеъдод ва қобилияти бақоъ барои муддати тӯлонӣ доранд, вале дар байни ин муддат мумкин аст мавонее эҷод шавад, ки онҳоро аз расидан ба ҳаддиаксари умри табиӣ боздорад. Масалан як чароғи нафт‏сӯз бо таваҷҷуҳ ба махзани нафти он, мумкин аст масалан бист соат истеъдоди рӯшноӣ дошта бошад, аммо вазиши як боди шадид ва резиши борон ва ё адами муроқибат аз он сабаб ме‏шавад, ки умри он кӯтоҳ гардад. Дар инҷо агар чароғ бо ҳеҷ монее бархурд накунад ва то охирин қатраи нафти он бисӯзад сипас хомӯш шавад ба аҷали ҳатмии худ расидааст ва агар мавонее қабл аз он боиси хомӯшии чароғ гардад муддати умри онро «аҷал ғайри ҳатмӣ» ме‏гӯем.

https://iqna.ir/en/news/3490608

captcha