Яке аз аслитарин рафторҳои ахлоқие, ки дар миёни соҳибони андешаҳои солим матраҳ аст, кумак ба ниёзманд аст, ки намунаҳои амал ба онро дар ҷомеаҳо ва гурӯҳҳои мухталиф шоҳид ҳастем. Аммо ҳамин кумакҳо агар шароити лозимро надошта бошанд, натанҳо осори иҷтимоӣ мусбате дар пай надорад балки ҳатто нисбат ба савоби амал ва подоши он дар охират низ хадшаи асосӣ ворид мешавад. Қуръон дар ин бора тавсияҳои мутааддиде дорад, ки намунае аз он дар сураи Бақара баён шудааст:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُبْطِلُوا صَدَقَاتِكُمْ بِالْمَنِّ وَالْأَذَى كَالَّذِي يُنْفِقُ مَالَهُ رِئَاءَ النَّاسِ وَلَا يُؤْمِنُ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ فَمَثَلُهُ كَمَثَلِ صَفْوَانٍ عَلَيْهِ تُرَابٌ فَأَصَابَهُ وَابِلٌ فَتَرَكَهُ صَلْدًا وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْكَافِرِينَ; “Эй касоне, ки имон овардаед! Бахшишҳои худро бо миннат ва озор, ботил насозед! Ҳамонанд касе, ки моли худро барои нишон додан ба мардум, инфоқ мекунд, ва ба Худо ва рӯзи растохез, имон намеоварад, (кори ӯ) ҳамчун қитъаи санге аст, ки бар он, (як қабати нозуке аз) хок бошад, (ва базрҳои дар он кошта шавад) ва рагбори борон ба он бирасад, (ва ҳамаи хокҳо ва базрҳоро бишӯяд) ва онро соф (ва холӣ аз хок ва базр) раҳо кунад ва Худованд, ҷамъияти кофиронро ҳидоят намекунад” (Бақара, 264).
Дар тафсири Намуна таъкид шудааст, ки афроди бо имон набояд инфоқҳои худро ба хотири миннат ва озор, ботил ва беасар кунанд. Қуръон бо ду ташбеҳ ва мисол дар бораи ангезаҳои носаҳеҳ дар инфоқ, зиштӣ ва бефоида будани чунин рафтореро нишон медиҳад.
“Ин ҳамонанди касе аст, ки моли худро барои нишон додан ба мардум инфоқ мекунад ва имон ба Худо ва рӯзи растохез надорад”.
Мисоли баъдие, ки Қуръон матраҳ мекунад чунин аст: “(Кори ӯ) ҳамчун қитъаи санги софе аст, ки бар он (як қабати нозуке аз) хок бошад (ва базрҳои дар он кошта шавад) ва борони фаровон ба он бирасад, (ва хокҳо ва базрҳоро бишӯяд) ва онро соф раҳо созад онҳо аз коре, ки анҷом додаанд чизе ба даст намеоваранд”.
Ин гуна аст аъмоли риёкорона ва инфоқҳои омехта бо миннат ва озор, аз дилҳои сахт сарчашма мегирад ва соҳибонаш ҳеҷ баҳрае аз он намебаранд ва тамоми заҳамоташон бар бод меравад.
Паёмҳои оят дар баёни тафсири Нур
1- Миннат гузорӣ ва озори фақир, подоши инфоқ ва садақотро аз байн мебарад. لا تُبْطِلُوا
2- Риё, нишонаи адами имони воқеӣ ба Парвардигор ва қиёмат аст. يُنْفِقُ مالَهُ رِئاءَ النَّاسِ وَ لا يُؤْمِنُ بِاللَّ
3- Инфоқ муҳим нест, ангеза ва рӯҳияи инфоқ кунанда муҳим аст. رِئاءَ النَّاسِ